Таъмини бозорҳои Душанбе бо моҳии маҳаллӣ беҳтар шуд

Имрӯзҳо аз хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ ба бозорҳои пойтахт моҳии тару тоза бо нархҳои дастрас оварда е, хабар медиҳад Вазорати кишоварзӣ. Ба иттилои манбаъ, тибқи мониторинги гузаронида маълум шуд, ки дар бозорҳои пойтахт моҳиҳои навъҳои судак, гулмоҳӣ, амури сафед, ширмоҳӣ, сазан, талсталобӣ бо нархи аз 25 то 60 сомонӣ барои 1 кило фурӯхта мешаванд. Гуфта мешавад, […]

Имрӯзҳо аз хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ ба бозорҳои пойтахт моҳии тару тоза бо нархҳои дастрас оварда е, хабар медиҳад Вазорати кишоварзӣ.

Ба иттилои манбаъ, тибқи мониторинги гузаронида маълум шуд, ки дар бозорҳои пойтахт моҳиҳои навъҳои судак, гулмоҳӣ, амури сафед, ширмоҳӣ, сазан, талсталобӣ бо нархи аз 25 то 60 сомонӣ барои 1 кило фурӯхта мешаванд.

Гуфта мешавад, айни замон дар ҷумҳурӣ 353 адад ҳавзҳои моҳипарварӣ мавҷуд буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53 адад зиёд аст.

Ин имкон дод, ки таъмини қариб ҳамаи бозорҳои шаҳри Душанбе бо моҳии тару тозаи истеҳсоли ватанӣ зиёду беҳтар шавад.

Тибқи маълумоти Вазорат, то 1 декабр дар Тоҷикистон 2,8 ҳазор тонна моҳи истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 601 тонна зиёдтар мебошад.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир (солҳои 2010-2018) дар Тоҷикистон наздики 300-500 тонна моҳӣ истеҳсол карда мешуд. Замони шӯравӣ ин нишондиҳанда то ба 4 ҳазор тонна дар як сол мерасид.

Иқтидори умумии кишвар дар истеҳсоли моҳӣ 50 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон ба сурати умум зиёда аз 60 навъи моҳӣ парвариш карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...