Ҷаримаи 31 ронанда бар асоси арзу шикояти сокинони пойтахт

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Баъди арзу шикояти сокинон беш аз 30 нафар ронандагон, ки автомашинаҳои худро дар дохил ва назди таваққуфгоҳҳои дохилишаҳрӣ ба таври нодуруст гузоштаанд, ҷарима шуданд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳамаи ҳолатҳои қоидавайронкунӣ бо аксҳои иловашуда аз ҷониби сокинони шаҳр фиристода шуда, дархост шудааст, ки нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида шаванд.

“Зимни пешбурди корҳои санҷишӣ муайян карда шуд, ки аксарияти ронандагони дар аксҳо иъикосгардида, автомашинаи худро дар дохил ва назди таваққуфгоҳҳои дохилишаҳрӣ ба таври нодуруст гузоштаанд, ки ин амали онҳо боиси ба вуҷуд омадани тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт ва норозигии шаҳрвандон гардидааст”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Гуфта мешавад, ҳамаи ронандагони зикршуда дарёфт ва мутобиқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо дода шуданд.

Ҳамчунин онҳо ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд, ки минбаъд Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври қатъӣ риоя намоянд.

Зимнан аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе хоҳиш шудааст, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ шудан, тавассути суроғаҳои электронии [email protected], саҳифаи расмии Раёсат  дар Facebook «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» муроҷиат кунанд ё бо телефони (+99237) 221-15-00 дар тамос шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...