Оғози маъмурияти намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории исломӣ

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Cафири Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ 23 декабр дар Ҷидда эътимодномаи худро ба ҳайси Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории исломӣ ба Дабири кулли Созмони мазкур доктор Юсуф Аҳмад Ал-Усаймин супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин Созмон ва ниҳодҳои зерсохтории он баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тақвияти фаъолияти муштараки бисёрҷониба дар чорчӯби СҲИ авлавият медиҳад.

Гуфта мешавад, инчунин ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами байналмилаӣ ва минтақавӣ, абзорҳои муқовимат бо таҳдиду чолишҳои муосир ва роҳандозии талошҳои муштарак ҷиҳати рафъи паёмадҳои ҳамагирии Ковид-19 табодули назар карданд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон 1 декабри соли 1992 ба узвияти Созмони ҳамкории исломӣ пазируфта шуда, соли 2007 узви Иттифоқи парлумонии Созмон шуд. Оинномаи нави СҲИ-ро парлумони Тоҷикистон 8 декабри соли 2009 тасдиқ кард.

Дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо СҲИ чорабинӣ ва ташаббусҳои зерин амалӣ шуданд:

– баргузории ҷашнҳои олимони маъруфи фарҳанги исломӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Абӯҳомид Муҳаммади Ғазолӣ ва Имом Бухорӣ дар сатҳи умумимиллӣ;

– барқарор намудани ёдгориҳои таърихӣ дар Ҳулбук, Кӯлоб, Истаравшан, Панҷакенту Ҳисор, Рӯшон ва Муъминобод;

– тарҷума ва нашри китоби Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ ва туҳфаи он ба аҳолӣ, инчунин нашри асарҳои мутафаккирони бузурги ҷаҳони ислом.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...