Ҳаққи муаллиф: Баҳси шоир Робияи Холмирзо бо овозхон Фаридуни Хуршед

Робияи Холмирзо, шоираи тоҷик ва сардабири нашрияи “Анбоз” аз овозхон Фаридуни Хуршед барои бидуни иҷоза хондани як шеъраш ва ҳамчунин дар намоҳанг ба каси дигар нисбат додани он шеър 2300 сомонӣ талаб дорад. Ин шоир ҳамчунин мегӯяд, ки Фаридуни Хуршед бояд ба василаи расонаҳо аз ӯ узр пурсад ва шарҳ бидиҳад, ки чаро чунин корро кардааст. […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia Plus

Робияи Холмирзо, шоираи тоҷик ва сардабири нашрияи “Анбоз” аз овозхон Фаридуни Хуршед барои бидуни иҷоза хондани як шеъраш ва ҳамчунин дар намоҳанг ба каси дигар нисбат додани он шеър 2300 сомонӣ талаб дорад. Ин шоир ҳамчунин мегӯяд, ки Фаридуни Хуршед бояд ба василаи расонаҳо аз ӯ узр пурсад ва шарҳ бидиҳад, ки чаро чунин корро кардааст.

Робияи Холмирзо мегӯяд, ки агар овозхон узрхоҳӣ накунад ва шарҳ надиҳад, ки чаро ин корро кардааст, ӯро ба додгоҳ мекашад.

Фаридуни Хуршед овозхони дар миёни ҷавонон маҳбуб бар матни як навиштаи Робияи Холмирзо оҳанг баста, таронаро бо номи “Ойиша” хондааст. Дар намоҳанги ин тарона, ки дар Ютуб дастрас аст, матни он моли Раҷ Аҳмад гуфта шудааст.

Робияи Холмирзо ба “Азия-Плюс” гуфт, ки феълан ӯ  ба шуъбаи ҳуқуқҳои муаллиф ба Вазорати фарҳанг муроҷиат мекунад. “Барои поймол шудани ҳуқуқҳоям, ин клип (намоҳанг)-ро аллакай чанд ҳазор нафар дидааст ва манро мардум дузд фикр мекунанд. Шеъре, ки дар китоби ту аст, дар ин клип моли дигар нафар мебошад гуфтаанд”,-мегӯяд шоир.

Шоир мегӯяд ӯро на танҳо иҷоза напурсидани овозхон, балки шеъри ӯро моли нафари дигар муаррифӣ кардан ба хашм овардааст, зеро маро дар назди хонанда дурӯғгӯй кардааст.

“Азия-Плюс” талошҳои зиёд кард то назари овозхон Фаридуни Хуршедро дар ин робита дошта бошад. Фаридун ба занги мо посух дод ва гуфт, ки бигзор дар ин бора продюсераш Диловари Мизроб изҳори назар кунад. Аммо Диловар ба зангҳои такрор ба такрори мо посухе надод.

Шоир мегӯяд, вақте бо Раҷ Аҳмад суҳбат кардам, ӯ гуфт намедонам барои чӣ онҳо дар шеъри шумо номи маро овардаанд, ман танҳо вақте онҳо шеъро оварданд, як ду ҷояшро дуруст кардаму додам, онҳо худашон номи маро навиштаанд.

Ҳоло шоир мегӯяд ҳаққи шеъри худро талаб мекунад, ба шуниди ман ҳоло овозхонҳо барои як матни тарона 200 доллар ба муаллифи он медиҳанд. “Ба ҳамин сабаб ман ин пулро аз овозхон талаб дорам. Дар асл ягон вақт шеъри худро намефӯрушам, пеш аз ин ҳам овозхонҳои тоҷик бо шумули Манижа Давлатоваву Зиёвиддини Нурзод  шеърҳои маро хонданд, аммо аз онҳо пул талаб накардам, зеро иҷозат пурсида буданд”, – иддао дорад бону Робия.

– Пас аз нашр намоҳанг тайи 4-5 рӯз ба Фаридуни Хуршед занг задам, аммо зангҳои ман бе ҷавоб монд, баъдан писарам бо продюсери Фаридуни Хуршед, Диловар суҳбат кард, ки Шумо бояд аз модари ман иҷозат мепурсидед ва ҳоло бояд узр пурсед. Ҳоло аз тариқи расонаҳо ва баъдан  шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи муаллифи вазорати фарҳанг  мехоҳам ба  ҳуқуқҳои ман эҳтиром гузошта шавад. Дар сурати дар ин зинаҳо ҳал нашудани қазия, ба додгоҳ муроҷиат мекунам, – мегӯяд шоир.

Дар Тоҷикистон риоя нашудани ҳаққу ҳуқуқи муаллиф яке аз масоили доғ аст, ки сари чанд вақт баҳси онҳо расонаӣ мешавад.

Ҳуқуқшинос ва вакили дифои маъруф Иноят Иноятов мегӯяд, ки мувофики моддаи 1126 Кодекси граждании ҶТ асарҳои илмӣ, санъат, адабиёт ва дигар маҳсули эҷодӣ объектҳои ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ мебошанд. Мувофиқи қисми 1 моддаи 1130  ҳамин кодекс, ҳуқуқҳои муаллиф мувофиқи қонун ҳифз карда мешаванд.

Ба гуфтаи Иноят Иноятов, агар даъвогар Робияи Холмирзо дар мавриди ҳуқуқи муаллифӣ барои шеъри худ ҳуҷҷати тасдиккунандаи ҳуқуқии муқарраркунанда дошта бошад, пас ӯ асоси қонунии муроҷиат намудан ба додгоҳро дорад.

“Агар ӯ ба суд бо даъво муроҷиат кунад, пас ӯ ҳамчун даъвогар даъвои худро асоснок намуда, бояд ҳолати вайрон гардидани ҳуқуқашро ба моликияти зеҳнӣ исбот намояд. Дар маҷмӯь, ин баҳси додгоҳӣ буда, танҳо суд ваколати баҳои дурусти ҳуқуқӣ доданро ба ин баҳс дорад. Мувофиқи қонун баҳсҳои ҳуқуқи муалифӣ ва моликияти зеҳниро суд баррасӣ менамояд”-таъкид кард ҳуқуқшинос.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.