Шиносоии Шералӣ Кабир бо фаъолияти корхонаҳои саноатии Хуҷанд

Баҳром Файзуллоев, махсус барои Asia-Plus

Вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шералӣ Кабир 10 январ аз як қатор корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла “Сомон Гуруҳ”, “Нассоҷи Хуҷанд”, “Суғдиён”, “Ҷавонӣ”, “Садаф” ва чандеи дигар боздид намуд.

Дар вохӯриҳо бо раҳбарияти корхонаҳо доир ба истифодаи мукаммали иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва ватанӣ ба ҷараёни истеҳсолот, таъсиис ҷойҳои нави корӣ, насб ва ба кор даровардани таҷҳизоти муосир, автоматикунонии истеҳсолот, ҷорисозии истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда гуфтугӯ сурат гирифт.

Шералӣ Кабир хабар дод, ки Вазорати саноат доир ба рушди соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла металлургияи ранга ва сиёҳ, саноати хӯрокворӣ, мошинсозӣ, саноати сабук, пиллапарварӣ то соли 2025 як қатор барномаҳо таҳия намудааст, ки айни замон мавриди амалисозӣ қарор доранд.

“Ин барномаҳо барои ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – индустриякунонии босуръати кишвар ва коҳиши омилҳои манфии беруна ба иқтисод нигаронида шудаанд. Дар ин робита, ҳар як роҳбари корхонаи саноатӣ бояд ба масъалаҳое чун бунёди асос барори коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои навоварона дар истеҳсолот, истеҳсоли навъҳои нави маҳсулот ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир намояд”, – гуфтааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Хуҷанд 165 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Соли 2020 дар ин корхонаҳо ба маблағи 1 492,7 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...