Пирӯзии сеюми пайдарпайи Баҳодур Усмонов дар бокси касбӣ

Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар як муддати кӯтоҳ дар мусобиқаҳои бокси касбӣ се қувваозмоӣ гузаронида, дар ҳарсеяш дастболо шуд. Аз ҷумла, дар доираи мусобиқаи "Матч! Боец" дар Сочи Баҳодур Усмонов ҳарифи худ аз Русия Гусейн Магомедовро бо бартарии том мағлуб намуд. Онҳо дар вазни 64 кило ҳунарнамоӣ карда, ин қувваозмоии сеюми Усмонов дар мусобиқаҳои бокси […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар як муддати кӯтоҳ дар мусобиқаҳои бокси касбӣ се қувваозмоӣ гузаронида, дар ҳарсеяш дастболо шуд.

Аз ҷумла, дар доираи мусобиқаи "Матч! Боец" дар Сочи Баҳодур Усмонов ҳарифи худ аз Русия Гусейн Магомедовро бо бартарии том мағлуб намуд. Онҳо дар вазни 64 кило ҳунарнамоӣ карда, ин қувваозмоии сеюми Усмонов дар мусобиқаҳои бокси касбӣ маҳсуб меёбад.

https://www.youtube.com/watch?v=G8zKdF84aAs

Охири моҳи декабр Баҳодур Усмонов дар қувваозмоии аввал дар муштзании касбӣ дар Маскав бар русиягӣ Вилдан Минасов ғолиб омада, дар қувваозмоии дуюм дар Сочи Амир Басировро шикаст дода буд.

Мувофиқи қоидаҳои мусобиқа, ки дар он дастаҳои муштзанони Мурод Гассиев ва Султон Иброҳимов иштирок карданд, ҳар кадоме аз дастаҳо дар як рӯз як бозӣ – панҷ қувваозмоии 4 раундӣ гузаронид.

Муштзани тоҷик дар дастаи Мурод Гассиев ҳунарнамоӣ карда, дар натиҷа бо ин даста ғолиб омад. Фонди ҷоизавии мусобиқа 10 млн рублро ташкил дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.