Шиносоии Шералӣ Кабир бо фаъолияти корхонаҳои саноатии Хуҷанд

Вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шералӣ Кабир 10 январ аз як қатор корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла “Сомон Гуруҳ”, “Нассоҷи Хуҷанд”, “Суғдиён”, “Ҷавонӣ”, “Садаф” ва чандеи дигар боздид намуд. Дар вохӯриҳо бо раҳбарияти корхонаҳо доир ба истифодаи мукаммали иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва ватанӣ ба ҷараёни истеҳсолот, таъсиис ҷойҳои нави корӣ, насб […]

Вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шералӣ Кабир 10 январ аз як қатор корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла “Сомон Гуруҳ”, “Нассоҷи Хуҷанд”, “Суғдиён”, “Ҷавонӣ”, “Садаф” ва чандеи дигар боздид намуд.

Дар вохӯриҳо бо раҳбарияти корхонаҳо доир ба истифодаи мукаммали иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва ватанӣ ба ҷараёни истеҳсолот, таъсиис ҷойҳои нави корӣ, насб ва ба кор даровардани таҷҳизоти муосир, автоматикунонии истеҳсолот, ҷорисозии истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда гуфтугӯ сурат гирифт.

Шералӣ Кабир хабар дод, ки Вазорати саноат доир ба рушди соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла металлургияи ранга ва сиёҳ, саноати хӯрокворӣ, мошинсозӣ, саноати сабук, пиллапарварӣ то соли 2025 як қатор барномаҳо таҳия намудааст, ки айни замон мавриди амалисозӣ қарор доранд.

“Ин барномаҳо барои ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – индустриякунонии босуръати кишвар ва коҳиши омилҳои манфии беруна ба иқтисод нигаронида шудаанд. Дар ин робита, ҳар як роҳбари корхонаи саноатӣ бояд ба масъалаҳое чун бунёди асос барори коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои навоварона дар истеҳсолот, истеҳсоли навъҳои нави маҳсулот ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир намояд”, – гуфтааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Хуҷанд 165 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Соли 2020 дар ин корхонаҳо ба маблағи 1 492,7 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.