Дар Панҷакент муҷассамаи 14-метрии китоб месозанд

Дар маркази шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд тандис ё муҷассамаи рамзии китоб бунёд мешавад. дар ин бора ҳукумати шаҳри панҷакент хабар медиҳад. Бино ба иттилои нашршуда дар саҳфаи фейсбукии ҳукумати шаҳри Панҷакент ин тарҳ бо номи "Рамзи Китоб" дар маркази шаҳр бунёд мешавад, ки 14 метр баландӣ хоҳад дошт.  "Муҷассама ё рамзи китоб, бо баландии 14 метр […]

Хуршед Фозилов, Asia-Plus

Дар маркази шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд тандис ё муҷассамаи рамзии китоб бунёд мешавад. дар ин бора ҳукумати шаҳри панҷакент хабар медиҳад.

Бино ба иттилои нашршуда дар саҳфаи фейсбукии ҳукумати шаҳри Панҷакент ин тарҳ бо номи "Рамзи Китоб" дар маркази шаҳр бунёд мешавад, ки 14 метр баландӣ хоҳад дошт. 

"Муҷассама ё рамзи китоб, бо баландии 14 метр дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент, дар ҳалқаи роҳи автомобилгарди назди бинои меҳмонхонаи “Саразм – Плаза” ва ҳайкали шоҳ “Деваштич” банақша гирифта шудааст. “ Ҳалқаи давраи поёнии деворпоя – 20 метр, ҳалқаи поёнӣ – 5,5метр ва давраи болоӣ – 4 метрро ташкил медиҳад. “Рамзи Китоб” аз 5 сутунпоя – ишора ба номи қадимии Панҷакент, яъне шумораи “панҷ” ва “кат” аз забони суғдӣ – деҳа мебошад",-омадааст дар хабарномаи ҳукумати шаҳр.

Ҳукумати шаҳри Панҷакент бунёди ин тандисро нишоне аз татбиқи "сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон" номидааст, мегӯяд, ки дар ин сутунпояҳои ин тандис нақшу нигор ва унсурҳои миллӣ ифода ёфтаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки "дар болои сутунпоя давраи электронӣ ҷойгир аст, ки дар он мисраҳо аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик ҳамчун сатри равон мунтазам пахш мегарданд. Аз болои давраи электронӣ кураи замин бо ифодаи харитаи Тоҷикистон ва дар кунҷи чап номи Панҷакент омадааст. Дар атрофи курраи замини тасвирёфта хомаву ранг ва китоби кушода нишон дода шудааст. Дар китоб мисраҳо аз ашъори Сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, одамушшуаро, устоди шоирон – Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ҳаккокӣ хоҳад шуд", омадааст дар хабар.

Аммо ҳукумати шаҳри Панҷакент нагуфтааст, ки ин лоиҳа бо маблағгузори аз кадом ҳисоб сохта мешавад ва ҳамчунин арзиши лоиҳаи сохтмониро низ зикр накардааст.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.