Намоишгоҳи маҳсулоти косибон ва кишоварзони Афғонистон дар Душанбе

Date:

Имрӯз, 15 январ соати 11 дар сафоратхонаи Афғонистон дар Душанбе (кӯчаи Н.Махсум, маҳаллаи 82-юм, назди сафоратхонаҳои Эрону Олмон) намоишгоҳи маҳсулоти косибон ва кишоварзони ин кишвар ба кор оғоз мекунад. Воридшавӣ ба ин чорабинӣ озодона аст.

“Дар ин чорабинӣ маҳсулоти косибоне намоиш дода мешавад, ки корҳояшон натанҳо дар ватан, балки дар берун аз ҳудуди Афғонистон низ маъруфу писандида аст”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафоратхона.

Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ маснуоти миллии заргарӣ аз нуқра, ороишот аз сангҳои қиматбаҳо, маснуоти сафолӣ, зарфҳои чӯбӣ, сабадҳо, чодар, сумкаҳо,  лифофаҳо барои телефонҳои ҳамроҳ, маснуоти “қуроқдӯзӣ”, “чакан” ва “зардӯзӣ”, инчунин сарулибоси миллии занона бо ороишоти маъмули шарқиёна ва дигар маҳсулот ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Ҳамчунин дар ҷараёни кори намоишгоҳ тамошобинон метавонанд таъми маҳсулоти кишоварзони афғонро чашида, фермерони афғон доир ба таҷрибаашон дар ин самт изҳори назар мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...