Намоишгоҳи маҳсулоти косибон ва кишоварзони Афғонистон дар Душанбе

Имрӯз, 15 январ соати 11 дар сафоратхонаи Афғонистон дар Душанбе (кӯчаи Н.Махсум, маҳаллаи 82-юм, назди сафоратхонаҳои Эрону Олмон) намоишгоҳи маҳсулоти косибон ва кишоварзони ин кишвар ба кор оғоз мекунад. Воридшавӣ ба ин чорабинӣ озодона аст. “Дар ин чорабинӣ маҳсулоти косибоне намоиш дода мешавад, ки корҳояшон натанҳо дар ватан, балки дар берун аз ҳудуди Афғонистон низ […]

Имрӯз, 15 январ соати 11 дар сафоратхонаи Афғонистон дар Душанбе (кӯчаи Н.Махсум, маҳаллаи 82-юм, назди сафоратхонаҳои Эрону Олмон) намоишгоҳи маҳсулоти косибон ва кишоварзони ин кишвар ба кор оғоз мекунад. Воридшавӣ ба ин чорабинӣ озодона аст.

“Дар ин чорабинӣ маҳсулоти косибоне намоиш дода мешавад, ки корҳояшон натанҳо дар ватан, балки дар берун аз ҳудуди Афғонистон низ маъруфу писандида аст”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафоратхона.

Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ маснуоти миллии заргарӣ аз нуқра, ороишот аз сангҳои қиматбаҳо, маснуоти сафолӣ, зарфҳои чӯбӣ, сабадҳо, чодар, сумкаҳо,  лифофаҳо барои телефонҳои ҳамроҳ, маснуоти “қуроқдӯзӣ”, “чакан” ва “зардӯзӣ”, инчунин сарулибоси миллии занона бо ороишоти маъмули шарқиёна ва дигар маҳсулот ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Ҳамчунин дар ҷараёни кори намоишгоҳ тамошобинон метавонанд таъми маҳсулоти кишоварзони афғонро чашида, фермерони афғон доир ба таҷрибаашон дар ин самт изҳори назар мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.