Ошӯби муҳоҷирон дар қабулгоҳи муваққатии Екатеринбург

Шаби 14 январ кормандони ВКД ва Росгвардия бетартибиҳоро дар маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ (қабулгоҳи муваққатӣ)-и шаҳри Екатеринбурги Русия саркӯб карданд. Тавре Коммерсант менависад, баъди аз ҷониби кормандони пулис ошкор шудани нӯшокии спиртӣ дар зарфҳои пластикӣ, ки дар дохили нон (буханка) барои яке аз бошандагони ин марказ, шаҳрванди яке аз кишварҳои пасошӯравӣ, ки бояд ихроҷ […]

Шаби 14 январ кормандони ВКД ва Росгвардия бетартибиҳоро дар маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ (қабулгоҳи муваққатӣ)-и шаҳри Екатеринбурги Русия саркӯб карданд.

Тавре Коммерсант менависад, баъди аз ҷониби кормандони пулис ошкор шудани нӯшокии спиртӣ дар зарфҳои пластикӣ, ки дар дохили нон (буханка) барои яке аз бошандагони ин марказ, шаҳрванди яке аз кишварҳои пасошӯравӣ, ки бояд ихроҷ мешуд, оварда буданд, ӯ ва се ҳамҳуҷарааш ба бетартибӣ даст зада, дигаронро низ ба ин амал даъват мекунанд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни ошӯб бошандагони марказ ба амволи қабулгоҳ зарари ҷиддӣ расонида, инчунин ҳангоми саркӯб кардани бетартибиҳо ангушти дасти яке аз ошӯбгарон бурида шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои URA.RU, сабаби муноқиша дар он будааст, ки дар ин ҷо нисбат ба муҳоҷирон ҳамчун ба маҳбусон рафтор намуда, таҳқир мекардаанд, ҳарчанд онҳо ба кормандони марказ мефаҳмонидаанд, ки онҳо шахсони озоданд.

Президенти «Уральская ассоциация беженцев» (Иттиҳодияи паноҳандагони Урал) Людмила Лукашева изҳор доштааст, ки онҳо аз ин ошӯб огаҳанд ва кормандони иттиҳодия барои кумаки ҳуқуқӣ расонидан ба муҳоҷирон ба марказ сафарбар шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.