Эҳтимоли манъ шудани таксиронии муҳоҷирон дар Русия

Вакили маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург Андрей Анохин ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Русия муроҷиатнома фиристода, дархост намудааст, ки ба кори муҳоҷирон дар таксиҳо маҳдудият ҷорӣ шавад. Шабакаи Царьград менависад, дар дархости худ вакил ба афзоиши назарраси ҳодисаҳои садамаи нақлиёт бо иштироки таксиҳо ишора намуда, қайд кардааст, ки соли 2019 шумори онҳо 60% ва сатҳи […]

Вакили маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург Андрей Анохин ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Русия муроҷиатнома фиристода, дархост намудааст, ки ба кори муҳоҷирон дар таксиҳо маҳдудият ҷорӣ шавад.

Шабакаи Царьград менависад, дар дархости худ вакил ба афзоиши назарраси ҳодисаҳои садамаи нақлиёт бо иштироки таксиҳо ишора намуда, қайд кардааст, ки соли 2019 шумори онҳо 60% ва сатҳи маргу мир – 41% афзудааст.

Гуфта мешавад, дар муқоиса бо соли пешин (2019) соли 2020 боз 25% афзоиши шумори садамаҳо ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин ҳол, муҳоҷирони кории ронанда аксар вақт қоидаҳоро вайрон карда, аз бехобӣ ва истироҳати нокофӣ худро хуб ҳис намекунанд ва баъзан ҳатто сари чанбараки автомашина хобашон мебарад, ки ин барои садамаи нақлиёт хатар эҷод мекунад.

Анохин ҳамчунин дар бораи ҳодисаҳои таҷовуз ба номуси мусофирзанон аз ҷониби муҳоҷирони таксирон хотиррасон намудааст. Чунин ҳодисаҳои пурсарусадо дар Санкт-Петербургу Маскав ва дигар шаҳрҳо ҷой доштанд.

Вакил илова кардааст, ки чунин тадбир ба таъмини шаҳрвандони бештари Русия бо ҷойҳои корӣ, ки дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ хеле муҳим аст, мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки ронандаи таксӣ будан яке аз касбҳои писандида ва серхаридор байни муҳоҷирони корӣ маҳсуб меёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.