Боздошти қиморбозон дар наздикии бозори “Корвон”

Date:

Сокинони шаҳри Кӯлоб Самандар Юнусови 25-сола ва ноҳияи Фархор Хуршед Ҳамидови 26-сола аз ҷониби кормандони милитсия барои ташкилии бозии қиморбозӣ дар кӯчаҳо боздошт шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, номбурдагон ҳангоми дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ, наздикии бозори “Корвон” ба бозии ба истилоҳ «алик-малик» машғул шудан дастгир гардиданд.

“Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки гарчанде онҳо қаблан чандин маротиба аз ҷониби кормандони мақомот дастгир ва барои ин кирдори ғайриқонунӣ нисбаташон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуда бошад ҳам тарки ин амали ғайриқонунӣ накарда, баръакс дар назди худ шаҳрвандони зиёдеро ҷамъ намуда, ба бозии «алик-малик» машғул ва бо ин роҳ маблағ ба даст меоварданд”, – омадааст дар маълумоти Раёсат.

Зикр мегардад, ки вобаста ба ин нисбати номбурдагон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...