Дархости санҷиши фаъолияти молиявии шаҳрдории Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ барои санҷиши фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории шаҳрдории пойтахт дар соли 2020 дархост фиристод. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, дархост бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт ирсол шудааст. Ин бори аввал нест, ки Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ барои санҷиши фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории шаҳрдории пойтахт дар соли 2020 дархост фиристод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, дархост бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт ирсол шудааст.

Ин бори аввал нест, ки Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи ҳадафноки маблағҳои буҷет дар пойтахт ба мақомоти дахлдор дархост мефиристад.

Шурӯъ аз соли 2017, замони ба роҳбарӣ гирифтани шаҳрдории пойтахт ӯ ҳамасола моҳи январ ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявии шаҳрдорӣ ба сохторҳои марбута муроҷиат мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.