Боздошти қиморбозон дар наздикии бозори “Корвон”

Сокинони шаҳри Кӯлоб Самандар Юнусови 25-сола ва ноҳияи Фархор Хуршед Ҳамидови 26-сола аз ҷониби кормандони милитсия барои ташкилии бозии қиморбозӣ дар кӯчаҳо боздошт шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, номбурдагон ҳангоми дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ, наздикии бозори “Корвон” ба бозии ба истилоҳ «алик-малик» машғул шудан дастгир гардиданд. “Зимни […]

Сокинони шаҳри Кӯлоб Самандар Юнусови 25-сола ва ноҳияи Фархор Хуршед Ҳамидови 26-сола аз ҷониби кормандони милитсия барои ташкилии бозии қиморбозӣ дар кӯчаҳо боздошт шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, номбурдагон ҳангоми дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ, наздикии бозори “Корвон” ба бозии ба истилоҳ «алик-малик» машғул шудан дастгир гардиданд.

“Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки гарчанде онҳо қаблан чандин маротиба аз ҷониби кормандони мақомот дастгир ва барои ин кирдори ғайриқонунӣ нисбаташон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуда бошад ҳам тарки ин амали ғайриқонунӣ накарда, баръакс дар назди худ шаҳрвандони зиёдеро ҷамъ намуда, ба бозии «алик-малик» машғул ва бо ин роҳ маблағ ба даст меоварданд”, – омадааст дар маълумоти Раёсат.

Зикр мегардад, ки вобаста ба ин нисбати номбурдагон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.