ММА: Ҳабдаҳумин ғалабаи Муин-Тоҷик

Варзишкори тоҷик Муин Ғафуров дар мусобиқаи UAE Warriors  дар Дубай (АМА) бар ҳарифаш аз Коста-Рика Уолтер Замора дастболо шуд. То ин қувваозмоӣ Муин дар 16 набард пирӯз шуда, 3 бохт дошт. Ҳарифаш мутаносибан 11 ғалаба ба даст оварда, 5 бор шикаст хӯрда буд. Қувваозмоии Ғафуров ва Замора ҳудуди 20 дақиқа давом карда, дар ҷараёни он […]

Варзишкори тоҷик Муин Ғафуров дар мусобиқаи UAE Warriors  дар Дубай (АМА) бар ҳарифаш аз Коста-Рика Уолтер Замора дастболо шуд.

То ин қувваозмоӣ Муин дар 16 набард пирӯз шуда, 3 бохт дошт. Ҳарифаш мутаносибан 11 ғалаба ба даст оварда, 5 бор шикаст хӯрда буд.

Қувваозмоии Ғафуров ва Замора ҳудуди 20 дақиқа давом карда, дар ҷараёни он варзишкори тоқик маҳорати хуб нишон дод. Пас аз анҷоми мусобиқа ҳакамон пирӯзиро ба Муин Ғафуров лоиқ донистанд Ин пирӯзии 17-уми Муин аст.

https://www.youtube.com/watch?v=ZAGRyo2-grY

Муин Ғафуров дар саҳифаи худ дар Instagram-аккаунт ба мухлисон барои дастгириашон изҳори миннатдорӣ кард.

Намояндагони UFC, ки Муин Ғафуров ва дигар варзишкорони Тоҷикистон ба он роҳ ёфтанианд, бодиққат ҷараёни қувваозмоиҳоро мушоҳида мекарданд.

Муин соли 2013 бори нахуст дар мусобиқаи ҷаҳонӣ ширкат варзида, дар самбои ҳарбӣ қаҳрамон шуд. Сипас дар қувваозмоиҳои ММА иштирок карда, дар зарфи панҷ сол 10 ғалаба ба даст овард. Дар ҷаҳони ММА ба ӯ тахаллуси “Тоҷик”-ро муносиб донистанд.

Қаблан зикр гардида буд, ки ташкилоти маъруфи варзишкорони UFC ба Муин таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барояш ҳариф меҷӯяд. Муин аввалин варзишкори тоҷик хоҳад буд, ки зери сарпарастии ин ташкилот қувваозмоӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.