Дастгирии соҳаи агробизнеси Тоҷикистон аз ҷониби JICA ва AKF

Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ва Фонди Оғохон (AKF) "Лоиҳаи озмоишии рушди агробизнес дар Тоҷикистон"-ро оғоз намуданд. Ҳадафи асосии лоиҳа кумак ба мардум дар таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути дастрасӣ ба хизматрасониҳои машваратии босифат, пешниҳоди тухмиҳои баландсифат ва фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ дар ноҳияҳои зери назари лоиҳа  мебошад. Ба ин муносибат, 28 январи […]

Иттилоияи расмӣ

Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ва Фонди Оғохон (AKF) "Лоиҳаи озмоишии рушди агробизнес дар Тоҷикистон"-ро оғоз намуданд.

Ҳадафи асосии лоиҳа кумак ба мардум дар таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути дастрасӣ ба хизматрасониҳои машваратии босифат, пешниҳоди тухмиҳои баландсифат ва фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ дар ноҳияҳои зери назари лоиҳа  мебошад.

Ба ин муносибат, 28 январи соли 2021 дар бинои Вазорати кишоварзӣ маросими имзои "Лоиҳаи озмоишии рушди агробизнес дар Тоҷикистон" баргузор шуд. Созишномаро ҷаноби Мунео Такасака, роҳбари намояндагии JICA ва ҷаноби Кишвар Абдулалишоев, директори иҷроияи AKF дар Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Дар ин раванд, дар доираи ҳамкориҳои техникии  JICA бо Вазорат дар самти рушди агробизнес, JICA ва Вазорати кишоварзӣ ба мувофиқа расиданд, ки дар Тоҷикистон ҳамчун таҷрибаи аввал дар Осиёи Марказӣ модели “Рушди кишоварзии ба бозор нигаронидашуда барои хоҷагиҳои хурд” (SHEP)-ро татбиқ намоянд. Илова бар ин, JICA ва AKF ба Вазорати кишоварзӣ дар таҳкими иқтидори тахассусии деҳқонон бо дарназардошти  вазъи пандемияи COVID-19 кӯмак мерасонанд.

Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ҷиҳати рушди агробизнес ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Точикистон кумаки техникӣ мерасонад. Дар ин самт Фонди Огохон яке аз шарикони JICA дар татбиқи лоиҳа ба ҳисоб рафта, саҳми арзандаи худро дар рушди соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон мегузорад.

Лоиҳа аз ҷониби ҳукумати Ҷопон тариқи JICA маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби AKF дар доираи нақшаи чорабиниҳои Вазорати кишоварзӣ оид ба бартараф намудани оқибатҳои пандемияи COVID-19 амалӣ карда мешавад. Муддати амалишавии лоиҳа 15 моҳ буда, ноҳияҳои Хуросон, Қубодиён, Шаҳритус ва ду ноҳияи ВМКБ-ро дар бар мегирад.

Лоиҳа

Ҳадафи асосии лоиҳа кумак ба мардуми дар таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути дастрасӣ ба хизматрасониҳои машваратии босифат, пешниҳоди тухмиҳои баландсифат ва фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ дар ноҳияҳои зери назари лоиҳа  мебошад.

Илова бар ин, паҳн намудани усули SHEP барои баланд бардоштани иқтидори тахассусии деҳқонон ҷиҳати рушди кишоварзии ба бозор нигаронидашуда тариқи тақвият додани хизматрасонии машваратӣ дар соҳаи кишоварзӣ равона шудааст. Аз ин рӯ, омода намудани мутахассисон барои паҳн намудани минбаъдаи модели SHEP дар байни кишоварзони Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа мебошад.

Ҳукумати Ҷопон ва JICA кумакҳои худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ «Таъмини амнияти озуқаворӣ» тақвият бахшида, рушди соҳаи кишоварзиро афзалиятнок меҳисобанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.