Маҳмурод Одинаев 14 сол зиндон шуд, писарашро ҷарима бастанд

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демкоратии Тоҷикистон ва яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро барои 14-сол равонаи зиндон карданд. Ҳукми ӯ имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ содир шуд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад. Мақомот Маҳмурод Одинаверо бар асоси ду модда авбошӣ ва даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ парванда карда буданд. Радиои Озодӣ мегӯяд, ки […]

Asia-Plus

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демкоратии Тоҷикистон ва яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро барои 14-сол равонаи зиндон карданд. Ҳукми ӯ имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ содир шуд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Мақомот Маҳмурод Одинаверо бар асоси ду модда авбошӣ ва даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ парванда карда буданд.

Радиои Озодӣ мегӯяд, ки "Додрас Маҳмурод Одинаевро ба авбошӣ ва даъвати ом ба ифротгароӣ гунаҳкор донист, аммо худи ӯ ҳукмро напазируфт ва дар толори мурофиа гуфт, "Худо ҳаст".

Писараш Одинаев Ҳабибулло Ризоевро додгоҳ ба пардохти 58 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф кард. Ӯ ба авбошӣ айбдор шуд, вале худаш аз оғоз ин иттиҳомро инкор кардааст.

Одинаевро рӯзи 5-уми декабри соли гузашта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд. Намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ба зидди ӯ 20-уми ноябр бо гумони "авбошӣ" парванда кушода буданд ва бо сабаби он ки ба бозпурсӣ ҳозир нашуд, маҷбурӣ боздошт карданд.

Мақомот  ӯро ба он муттаҳам карданд, ки рӯзи 29-уми октябри соли 2020 бо ҳамсари собиқаш Меҳрнигор Ризоева ва писараш Ҳабибулло Одинаев дар комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор "тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст".

Маҳмурод Одинаев он замон иддао дошт, ки баръакс кормандони комиссариати ҳарбӣ писараш Ҳоҷиакбар Одинаевро, ки биноиаш суст аст, зӯран ба артиш ҷалб кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.