Дигар “кушода намешавед”. Шаҳрдорӣ: номи хиёбону иншооти Душанберо тоҷикӣ мекунад

Бар асоси як қарори нави раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ин ба баъд номи корхонаву иншооте, ки дар Душанбе бунёду ифтитоҳ мешаванд ва ҳамчунин номи иншооти бахши тиҷорату хидматрасонӣ, фарҳанг, маориф ба таври ҳатмӣ бояд бо мақомоти шаҳрдорӣ мувофиқа шаванд.  Ин тадбирро шаҳрдорӣ бар асоси иҷроӣ кардани Барномаи давлатии  рушди забони давлатӣ дар Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бар асоси як қарори нави раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ин ба баъд номи корхонаву иншооте, ки дар Душанбе бунёду ифтитоҳ мешаванд ва ҳамчунин номи иншооти бахши тиҷорату хидматрасонӣ, фарҳанг, маориф ба таври ҳатмӣ бояд бо мақомоти шаҳрдорӣ мувофиқа шаванд. 

Ин тадбирро шаҳрдорӣ бар асоси иҷроӣ кардани Барномаи давлатии  рушди забони давлатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 рӯйи даст гирифтааст, ки чанде пеш аз сӯйи ҳукумат тасдиқ шудааст, гуфт як манбаъ аз шаҳрдорӣ ба «Азия-Плюс». 

Ба гуфтаи манба ин қарор ба номгузориикӯчаву хиёбон, шаҳраку маҳаллаву боғу ҳавзу дарёҳо низ дахл дорад. 

"Номи иншооти барҳол, хиёбонҳо, маҳаллаҳо, кӯлҳо, дарёҳо, иншшоти соҳаи тиҷорат, фарҳанг, маориф, фароғат ва ғайра бояд ба талаботу меъёрҳои забони тоҷикӣ мувофиқат кунанд",-гуфт манбаъ. 

Шаҳрдори Душанбе  ҳамчунин дастур додааст, ки барои аққалиятҳои миллие, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунанд давраҳои омӯзишии забони давлатӣ ташкил шавад. Маблағгузории ин давраҳои омӯзишӣ аз ҳисоби будиҷаи шаҳр сурат мегирад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.