Кумитаи озуқаворӣ: 85 тон гӯштро нобуд кардем, аммо дар ин гӯшт COVID 19 набуд

Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки мутахассисони озмоишгоҳҳои онҳо дар соли 2020 84 тонну 919 кг маҳсулоти гӯштиро нобуд карданд, аммо то кунун дар гӯшти воридотӣ ба Тоҷикистон бемории ҳамагири коронавирус ошкор нашудааст. Ин нуктаро Муҳаммадсаид Файзуллозода раиси кумита дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди сару садои мавҷудияти COVID 19 дар гӯшт, изҳор кард. […]

Мавзуна Абдуллоева, Asis-Plus

Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки мутахассисони озмоишгоҳҳои онҳо дар соли 2020 84 тонну 919 кг маҳсулоти гӯштиро нобуд карданд, аммо то кунун дар гӯшти воридотӣ ба Тоҷикистон бемории ҳамагири коронавирус ошкор нашудааст. Ин нуктаро Муҳаммадсаид Файзуллозода раиси кумита дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди сару садои мавҷудияти COVID 19 дар гӯшт, изҳор кард.

Ба гуфтаи Муҳаммадсаид Файзуллозода, дар  36 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадие ки дар кишвар вуҷуд дорад, ҳамаи он маҳсулоти гуштие, ки ба кишвар ворид мешавад зери ташхис қарор мегирад, аммо  то имрӯз ягон ҳолате, ки дар маҳсулоти гуштӣ COVID-19 ошкор шуда бошад, нест.

Ба гуфтаи масъулони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ  бештари миқдори гӯште, ки нобуд карда шудааст ба бемории ангалӣ (паразитӣ) рабт доштааст.

“Дар соли 2020, Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар ҳайвонот 7342 ҳодисаи бемории ангалӣ (паразитӣ) муайян кард, ки истеъмоли 26 ҳазор 248 кг гушти узвҳои дохилии ҳайвонот, аз қабили дил, гурда, шуш, ҷигарро манъ карда, онҳо забт ва нобуд карда шуданд”-, гуфт Муҳаммадсаид Файзуллозода.

 Дар маҷмуъ, дар соли 2020 аз сӯйи мутахассисони озмоишгоҳҳои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ маҳсулоти бе сифат, аз ҷумла 58 671, 7 кг маҳсулоти гӯштӣ, 12 167,3 литр маҳсулоти ширӣ, 1368,0 литр равғани растанӣ, 24 251 дона тухми паранда 938,9, 2 кг моҳӣ, 680,5 кг асал ҳамчун маҳсулоти пастсифати барои саломатӣ хавфнок муайян ва аз фӯруш боздошт гардида, нобуд карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.