Ҳамлагари мунтахаби футболи Тоҷикистон таъҷилан дар дармонгоҳи Дубай бистарӣ шуд

Тими миллии футболи Тоҷикистон пас аз як рӯзи истироҳат аз бозии якуми дӯстона бо мунтахаби миллии Урдун, омодагиро ба бозии дуюми санҷишӣ бо тими мазкур оғоз кард. Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, бозии дуюми дӯстона байни тимҳои миллии Тоҷикистону Урдун имрӯз 5-уми феврал, дар Варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи АМА соати 19:00 ба вақти Душанбе шурӯъ […]

Asia-Plus

Тими миллии футболи Тоҷикистон пас аз як рӯзи истироҳат аз бозии якуми дӯстона бо мунтахаби миллии Урдун, омодагиро ба бозии дуюми санҷишӣ бо тими мазкур оғоз кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, бозии дуюми дӯстона байни тимҳои миллии Тоҷикистону Урдун имрӯз 5-уми феврал, дар Варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи АМА соати 19:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

То оғози машқ ҳамаи аъзои даста аз тести ташхиси коронавирус гузашта, натиҷаҳои он пеш аз бозӣ бо урдуниҳо маълум мешаванд.

Ҳамлагари даста, футболбози “Хуҷанд” Тоҳир Малодӯстов чанде пеш дар яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Дубайӣ бистарӣ ва муваффақона ҷарроҳӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки дар бозии аввали рафиқона бо тими Урдун, ки рӯзи 1 феврал доир гардид, футболбозони тоҷик бозиро бо ҳисоби 0:2 бохтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.