Додситонӣ боздошти муовини раиси Ёвонро бо ҷурми заминфурӯшӣ тасдиқ кард

Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт шудани муовини акнун собиқи раиси ноҳияи Ёвон Аскар Набизодаро бо ҷурми ҷиноятҳои вобаста ба фурӯши замин тасдиқ кард. Ин дар ҳолест, ки мавзуъи боздошти ин муовини раиси ноҳияи Ёвон ҳанӯз дар миёнаҳои моҳи ноябри соли 2020 расонаӣ шуда буд, вале он вақт мақомот боздошти ӯро раду тасдиқ намекарданд. Он замон гуфта […]

Муаллиф: Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт шудани муовини акнун собиқи раиси ноҳияи Ёвон Аскар Набизодаро бо ҷурми ҷиноятҳои вобаста ба фурӯши замин тасдиқ кард. Ин дар ҳолест, ки мавзуъи боздошти ин муовини раиси ноҳияи Ёвон ҳанӯз дар миёнаҳои моҳи ноябри соли 2020 расонаӣ шуда буд, вале он вақт мақомот боздошти ӯро раду тасдиқ намекарданд. Он замон гуфта мешуд, ки Хайриддин Саидмуродзода, роҳбари идораи замини ин ноҳия низ дастгир шудааст.

Ахиран додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар нишасти хабарии ниҳодаш тасдиқ кард, ки муовини аввали раиси ноҳияи Ёвон Аскар Набизода бо ҷурми даст доштан дар қонуншиканиҳои вобаста ба замин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Бино ба маълумоти додситонӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 300 мавриди қонуншиканӣ дар бахши хариду фурӯши замин ошкор шудааст.

Тавре дар нишасти хабарии додситонии вилояти Хатлон хабар дода шуд, "зимни санҷиши як гуруҳи кории додситонии вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон 300 мавриди ғайриқонунӣ ҷудо кардани замин, сохтакории хидматӣ, аз як гуруҳ ба дигар гуруҳ гузаронидани заминҳо ва суистифода аз ваколатҳои мансабӣ аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва кумитаи идораи замин ошкор карда шудаст".

Дар натиҷаи ин санҷиш нисбат ба 12 нафар шахсони мансабдори ноҳия парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, ки қисме аз он ба додгоҳ ирсол карда шуда қисмати дигар дар тафтишотӣ пешакӣ қарор дорад.

Танҳо аз ҳисоби заминҳои мактабҳо бо сохтакории ҳуҷҷатҳо ба 40 нафар сокинони ноҳияи мазкур замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда дода шудааст, мегӯяд додситонии Хатлон.

Хариду фурӯши замин ё ҷиноятҳои марбут ба он яке аз мавзуъҳои доғ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳамасола  мансабдорони зиёде бо ин ҷурм боздошт мешаванд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.