Китоби “Ҷомеаи боз ва рақибони он”-и Карл Поппер ба тоҷикӣ тарҷума шуд

Дар Тоҷикистон китоби «Ҷомеаи кушода ва рақибони он»-и  Карл Поппер файласуфи маъруфи ғарбӣ  ба тоҷикӣ тарҷум ва рӯнамоӣ шуд. Китобро донишманди маъруфи тоҷик Рамазон Назариев тарҷума кардааст, ки бо пуштибонии молии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон нашр ва рӯнамоӣ шуд. Дар таҳрири ин китоб профессори марҳум Баҳриддин Камолиддинов, шоир ва рӯзноманигор Иззатманд […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон китоби «Ҷомеаи кушода ва рақибони он»-и  Карл Поппер файласуфи маъруфи ғарбӣ  ба тоҷикӣ тарҷум ва рӯнамоӣ шуд. Китобро донишманди маъруфи тоҷик Рамазон Назариев тарҷума кардааст, ки бо пуштибонии молии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон нашр ва рӯнамоӣ шуд. Дар таҳрири ин китоб профессори марҳум Баҳриддин Камолиддинов, шоир ва рӯзноманигор Иззатманд Саломиён саҳм гирифтаанд.

Тавре тарҷумони китоб Рамазон Назариев, дар маросими рӯнамоӣ гуфт, дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ғояҳои иҷтимоӣ – фалсафии Поппер аз «ҷомеаи кушода»-и ӯ ҳанӯз хеле кам аст.

«Таълимоти «ҷомеаи кушод» – и Поппер бо тасдиқи арзиши озодии инсон ва низоми демократии ҷомеа метавонад ба пешрафти иҷтимоӣ мусоидат кунад. «Ҷамъияти кушода» дар воқеъ як модели фасеҳ аст ва метавонад бо ҷузҳои анъанавии ҳаёти иҷтимоӣ – сиёсии кишвари мо ҳамроҳ карда шавад», – таъкид кард профессор Назариев.

Рамазон Назариев, ҳамчунин гуфт, ки «Ҷомеи кушода»-и Поппер – ҷомеае мебошад, ки дар он ҳеч  нишондоди бехатои зеҳнӣ,  сиёсӣ, ахлоқӣ ҷой надорад. Ҳамаи одамон, муассисаҳо, идеяҳо, амалҳо ва сиёсатҳо метавонанд мавриди интиқоди оқилона қарор бигиранд.

Ӯ гуфт, Поппер дар ҷилди якуми китоби худ навиштааст: «Мо агар бихоҳем, ки инсон боқӣ монем, дар назди мо фақат як роҳ аст-роҳ ба сӯи ҷомеаи кушода. Мо бояд ҳаракатамонро ба сӯи номаълумӣ ва хатар бо истифодаи ақле, ки дороии мост, идома бидиҳем, то ки амнияти худамон ва ҳамзамон озодиамонро то ҳаддалимкон ба нақша гирем».

Ин олими тоҷик мегӯяд, китоби мазкурро тӯли 1,5 сол тарҷума кардааст. Ба гуфтаи ӯ китобро ҳарчанд аз забони русӣ тарҷума карда бошад ҳам, вале барои тарҷумаи саҳеҳ аз намунаи асл – англисии китоб  низ истифода кардааст.

Донишмандони  дигар дар ин маросим гуфанд, ки тарҷума ва нашри ин гуна осор дар Тоҷикистон хеле кам аст, ки бештар шудани ин кор ба нафъи рушди равандҳои демкоратӣ дар кишвар мебошад.

Интситути «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди мадад дар Тоҷикистон ба коршонсон ва донишмандони тоҷик  пешниҳод кард, ки барои тарҷума ва нашри ин гуна китобҳо метавонанд  ба ин ниҳод дархост бидиҳанд.

Ҳамчунин дар ин маросим корҳои расомонӣ ҷавону навгаро, ки ба арзишҳои ҷомеаи кушода бахшида шудаанд, рӯнамоӣ гардиданд.

Карл Реймонд Поппер соли 1902 дар Вена, дар як хонаводаи масеҳии яҳудитабор ба дунё омадааст. Даврони наврасии ӯ бо Ҷанги ҷаҳонии аввал рост омад ва фақру бадбахтии баъди ҷанг дар сохтусози шахсияти ӯ нақш офаридааст. Ӯ донишгоҳро соли 1924 дар риштаи физикаву риёзӣ хатм кард ва баъда дар соли 1928 ба сатҳи доктори фалсафаи ва равоншиносӣ расид.

Баъд аз нашри нахустин осори фалсафии худ ба доираи донишмандони Вена роҳ пайдо кард. Баъдтар шуҳрати донишмандии ӯ фаротар аз марзҳои кишвараш рафт. Бархе аз донишгоҳҳо аз Поппер даъват карданд, ки барои дарс гуфтан ба он ҷо биравад.

Соли 1937 Поппер ба Зеландияи Нав рафт то охири Ҷанги ҷаҳонии дувум  дар ин кишвар ба таҳқиқу пажуҳиш машғул буд. Ин даврони авҷи густариши татолитаризм дар Аврупо буд.

Дар ҳамин замон Поппер ду асари машҳури худ «Ҷомеаи боз ва душманони он» ва «Фақри таърихгароӣ»-ро навишт. Ду асаре, ки асоси фалсафаи сиёсии ўро ташкил медиҳанд.

Худи вай таъкид мекунад, ки ин ду асар нишондиҳандаи талоши ў дар муқобила бо ҷанг, дифоъ аз озодӣ ва мухолифат бо нуфузи андешаҳои томгароёна ва иқтидорталабона мебошад ва бояд ба манзалаи саҳми вай дар фалсафаи санҷишгаронаи сиёсӣ ва ҳушдоре алайҳи хурофоти таърихӣ қаламдод шавад.

Баъдан Поппер соли 1946 даъвати Донишгоҳи Лондонро пазируфт  ва то охири умр (1994) муқими ин кишвар буд. Осори дигаи  Поппер «Ҳадсҳо ва ибтолҳо», «Шинохти айнӣ», «Оянда боз аст», «Дар ҷустуҷўйи дунёи беҳтар», «Ҳамаи зиндагӣ ҳалли масъала аст» аз пурхонандатарин осори илмӣ мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.