Дар Тоҷикистон интихоботи миёндаврии парлумон доир мешавад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар бораи рӯзи 18 апрел баргузор намудани интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ҷойи вакилоне, ки  қабл аз анҷоми давраи ваколаташон аз ҳайати парлумон хориҷ шудаанд, дар ҳавзаҳои интихоботии Деваштич, Балхӣ ва Вахш қарор қабул кард, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар КМИР Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи декабри соли гузашта раиси Комиссияи экологии палатаи поёнии парлумон, вакил аз ҳавзаи интихоботии Деваштич Зуфар Исмоилзода бинбар сабаби таъин шудан ба вазифаи раиси КИМ ҲХДТ дар вилояти Суғд ваколатҳояшро дар парлумон супурд.

Қаблан вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Балхӣ Ҳоким Холиқзода низ дар робита ба рӯзи 20 июни соли 2020 муовини раиси Бонки миллӣ таъин шуданаш, аз ҳайати парлумон хориҷ шуд.

Нимаи моҳи ноябри ҳамин сол президент ӯро раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин кард.

Намояндаи дигари ҲХДТ Бахтовар Сафарзода аввали моҳи октябри соли гузашта намояндаи доимии Тоҷикистон дар Ассамблеияи байнипарлумонии ИДМ таъин шуда, дигар дар ҳайати парлумон кор намекунад.

Бахтовар Сафарзода дар Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Вахш намояндагӣ мекард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...