Оғози ваксиназанӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Ҷараёни иммунизатсия (ваксиназанӣ) бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон аз 22 март оғоз гардид. Сарвари давлат дар ин бора қарор ба имзо расонид, ки мутобиқи он иммунизатсияи шаҳрвандони кишвар марҳила ба марҳила байни гурӯҳи осебпазири аҳолӣ гузаронида мешавад. Дар ин робита Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба иҷрои тадбирҳои зерин вазифадор шуд: […]

Ҷараёни иммунизатсия (ваксиназанӣ) бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон аз 22 март оғоз гардид. Сарвари давлат дар ин бора қарор ба имзо расонид, ки мутобиқи он иммунизатсияи шаҳрвандони кишвар марҳила ба марҳила байни гурӯҳи осебпазири аҳолӣ гузаронида мешавад.

Дар ин робита Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба иҷрои тадбирҳои зерин вазифадор шуд:

– нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои марҳилаи муайян таҳия ва тасдиқ намуда, сари вақт онро ба маълумоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои масъули тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ расонад;

– бо риояи шароити занҷири хунукитаъминкунанда ваксинаи зидди бемории сироятии COVID-19-ро сари вақт ба муассисаҳои тандурустии дахлдори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда, иммунизатсияи гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро таъмин намояд.

Ҳамчунин ба Вазорати тандурустӣ супориш дода шуд, ки баъд аз анҷоми ҳар як марҳилаи баргузории иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар кишвар дар давоми 15 рӯз оид ба натиҷаи онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Аввалин шуда муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ Самариддин Ализода ва намояндаи UNICEF дар Тоҷикистон Осама Маккави Когали ваксина гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки дар доираи барномаи COVAX рӯзи 8 март аз Ҳиндустон ба Душанбе 192 ҳазор вояи ваксинаи COVISHIELD оварда шуд. Ин ваксинаи Oxford-AstraZeneca буда дар Ҳиндустон истеҳсол мешавад ва дар Созмоги ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) таҳти унвони CoviShild ба қайд гирифта шуд.

Қаблан зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ Самариддин Ализода изҳор дошт, ки мутобиқи барномаи COVAX эмкунии 20%-и аҳолии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Дар доираи ин барнома ба Тоҷикистон ҳамагӣ 624 000 воя (доза)-и ваксина оварда мешавад.

“Пажӯҳишгоҳи хуноба (сыворотка) дар Ҳиндустон, ки дар он ваксинаи COVISHIELD истеҳсол шудааст, дармонгоҳи дорои гувоҳномаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мебошад”, – гуфт муовини вазир.

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон ният доранд, ки ваксинаи “Спутник”-и Русия ва «CoronaVac»-и Чинро ба қайд гиранд.

Ба гуфтаи Самариддин Ализода, шаҳрвандони Тоҷикистон аз кадом ваксина эм гирифтанро худашон интихоб мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.