Дар Балх хиёбоне ба номи Шоҳ Исмоили Сомонӣ номгузорӣ ва намоди он гузошта шуд

Дар шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балхи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хиёбоне ба ифтихори Шоҳ Имсоили Сомонӣ номгузорӣ шуд ва дар он ёдномае бо лавҳи ёдгорӣ ва тасвири намодини Исмоили Сомонӣ гузошта шуд. Дар ин бора Забеҳ Фитрат, масъули дафтари фарҳангии Ато Муҳаммади Нур, раиси собиқи вилояти Балх ба "Азия-Плюс" иттилоъдод. Расми пардабардорӣ аз тандиси намодини Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар […]

Дар шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балхи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хиёбоне ба ифтихори Шоҳ Имсоили Сомонӣ номгузорӣ шуд ва дар он ёдномае бо лавҳи ёдгорӣ ва тасвири намодини Исмоили Сомонӣ гузошта шуд. Дар ин бора Забеҳ Фитрат, масъули дафтари фарҳангии Ато Муҳаммади Нур, раиси собиқи вилояти Балх ба "Азия-Плюс" иттилоъдод.

Расми пардабардорӣ аз тандиси намодини Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар Балх, дирӯз дар рӯзи ҷашнгирӣ аз Наврӯз бо ҳузури раиси вилояти Балх, раиси шӯрои вилоятӣ ва дигар шахсиятҳои пурнуфузи Афғонистон сурат гирифтааст.

Ин хиёбон дар шаҳри Мазори Шариф аз ҷодаи машҳур ба "Дарвозаи ҷумҳурӣ" аз порки Фирдавсӣ то дуроҳии Ҳайратони шаҳри Мазори Шариф ба номи "Хиёбони шоҳ Исмоили Сомонӣ" номгузорӣ шудааст, ки 12 км тӯл дорад. 

Бино ба навиштаи саҳфаи "Nowruz1400نوروز", ки ин иқдом дар доираи барномаҳои ҷашни 5700-солагии шаҳри Балх сурат мегирад ва масрафи онро Ато Муҳаммад Нур раиси пешини влояти Балх ва яке аз шахсиятҳои сиёсии пурнуфузи Афғонистон аз масорифи шахсияш пардохтааст.

Ба гуфтаи Забеҳ Фитрат "ин хиёбон 7 сол пеш ба номи Шоҳ Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шуда буд, вале дар доираи барномаҳои ҷашнгирӣ аз 5700-солагии шаҳри Балх лавҳаи ёдгорӣ ва катибаи он сохта шуд. Ёдгоҳ аз санги кошӣ сохта шуд, ки як камоне дар паҳлӯяш дорад ва дар он зиндагиномаи мухтасари ин шоҳи одили балхӣ ҳаккокӣ шудааст".

Забеҳ Фитрат мегӯяд "ин иқдом дар заминаи ифтихороти таърихӣ ва ҳувияти тамаддунии мо бисёр арзишманд аст".

Абу Иброҳим Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ, апрели 849 дар Фарғона 24 ноябри 907-и милодӣ дар Бухоро фавтидааст. Аз хонадони Сомониён, асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон — Давлати Сомониён буд. Исмоили Сомонӣ солҳои 874 – 892 – волии Бухоро ва солҳи 892 – 907- амири Мовароуннаҳру Хуросон ва давлати Сомониён буд.

Бино ба маълумоти таърихӣ хонадони Сомониён, ки баъди ҳуҷуми арабҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон нахустини давлати мутамаркази фарогирирро таъсис доданд, асолатан аз шаҳри Балх буданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.