Ҷоми куштии пойтахт. Ба ғолибон 4 автомашина тақдим шуд

Рӯзи 21 март дар шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни Наврӯз даврини ниҳоии мусобиқаи куштии ҷоми "Пойтахт-2021" баргузор шуд. Ба ғолибон дар вазнҳои -65, -75, -90 ва 95+ кг яктои автомашинаи Toyota тақдим карда шуд. Ин қувваозмоиҳои сабқати паҳлавонӣ барои дарёфти ҷоизаҳои “Ҷоми Пойтахт-2021” мебошад. Дар вазни 65 кг барои дарёфти зинаи аввал ва соҳиби автомашинаи Toyota шудан Абӯбакр […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Рӯзи 21 март дар шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни Наврӯз даврини ниҳоии мусобиқаи куштии ҷоми "Пойтахт-2021" баргузор шуд. Ба ғолибон дар вазнҳои -65, -75, -90 ва 95+ кг яктои автомашинаи Toyota тақдим карда шуд.

Ин қувваозмоиҳои сабқати паҳлавонӣ барои дарёфти ҷоизаҳои “Ҷоми Пойтахт-2021” мебошад.

Дар вазни 65 кг барои дарёфти зинаи аввал ва соҳиби автомашинаи Toyota шудан Абӯбакр Боқиев ва Алиҷон Сафаралиев рақобат карда, Боқиев, писари Рустам Боқиев аз оилаи варзишгарони маъруф Боқиевҳо пирӯз шуд.

Дар вазни 75 кг гӯштингир аз дастаи “Хатлон-1” Мирзоҷамил Рамазонов пирӯз шуд. Дар қувваозомии ниҳоӣ ӯ Амонулло Азимови ҳамдастаашро мағлуб кард.

Дар вазни 90 кило Ҷаҳонгир Маҷидов намояндаи шаҳри Душанбе ба Ҳамроз Раҷабов дастболо шуд.

Дар вазни +95 кг Тимур Раҳимов ба Маҳмадбек Фарҳодов пирӯз гардид.

Ба ҳамаи ғолибон автомобили Toyota тақдим карда шуд. Барои ишғоли зинаи 2-юм гӯштингирон 10 ҳазор сомонӣ ва зинаи 3-юм – 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.