Сомон Маҳмадбеков барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷудои Осиё шуд

Сомон Маҳмадбеков, ҷудочии пуровозаи тоҷик имрӯз дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнусия барандаи медали нуқра шуд.  Сомон Маҳмадбеков дар ин сабқатҳо баъди се пирӯзӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон идома дорад,  ба даври финалӣ роҳ ёфт. Дар даври финалӣ ӯ бо Чангрим Ан аз Кореяи Ҷанубӣ,  қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2018 […]

Asia-Plus

Сомон Маҳмадбеков, ҷудочии пуровозаи тоҷик имрӯз дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнусия барандаи медали нуқра шуд. 

Сомон Маҳмадбеков дар ин сабқатҳо баъди се пирӯзӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон идома дорад,  ба даври финалӣ роҳ ёфт. Дар даври финалӣ ӯ бо Чангрим Ан аз Кореяи Ҷанубӣ,  қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2018 ва ғолиби Doha Masters 2021 рақобат кард, ки сабқатро бо як вазарӣ бохт.

Сомон дар вазни -73 дар дар даври аввал бар паҳлавони яманӣ, дар даври дувум бар паҳлавони неруманди эронӣ ва дар даври сеюм бар паҳлавони маъруфи қазоқ Смагулов пирӯз шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё имсол дар Бишкек бо ширкати 500 варзишгар аз 30 давлати дунё сурат мегирад.

Аз Тоҷикистон танҳо Комроншоҳ Устопириён ҷудокори шинохтаи тоҷик, дар таърихи ҷудои кишвар тавонистааст, ки ду бор қаҳрамони Осиё шавад.

 Сомон Маҳмадбеков бо 2390 имтиёз айни ҳол дар садри ҷудокорони Тоҷикистон дар радабандии нави  ҷаҳон қарор дорад. 

Сомон Маҳмадбеков ҳамчунин аз Тоҷикистон ягона паҳлавонест, ки бо имтиёзи доштааш дар мақоми 17-уми имётиёздорони олимпӣ барои Бозиҳои Токио, дар 20-гонаи  ҷудокорони вазни -73 кг қарор дорад.

Сомон Маҳмадбеков ягона қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон аз Тоҷикистон дар таърихи ҷудои тоҷик аст. Ҳамчунин Сомон дар ҷудои тоҷик корномаҳои арзишманде дар сатҳи ҷаҳонӣ дорад.  

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.