Оғози тахриби мағозаи маъруфи “Сказка” дар Душанбе

Дар Душанбе тахриб (кӯчонидан)-и бинои чорошёнаи истиқоматӣ, ки рӯ ба рӯи Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) дар хиёбони Рӯдакӣ воқеъ аст, оғоз гардид. Замони шӯравӣ дар ошёнаи якуми ин бино мағозаи маъруф барои кӯдакони “Сказка” (Афсона) ва нуқтаи суратгирӣ (фотоателйе)-и писандида миёни сокинони шаҳр фаъолият мекард. Дар ин биное, ки гирду атрофаш айни замон панҷара гирифта шудааст, […]

Asia-Plus

Дар Душанбе тахриб (кӯчонидан)-и бинои чорошёнаи истиқоматӣ, ки рӯ ба рӯи Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) дар хиёбони Рӯдакӣ воқеъ аст, оғоз гардид.

Замони шӯравӣ дар ошёнаи якуми ин бино мағозаи маъруф барои кӯдакони “Сказка” (Афсона) ва нуқтаи суратгирӣ (фотоателйе)-и писандида миёни сокинони шаҳр фаъолият мекард.

Дар ин биное, ки гирду атрофаш айни замон панҷара гирифта шудааст, шахсиятҳои маъруфи кишвар, аз ҷумла Малика Собирова зиндагӣ мекарданд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе хабар дод, дар ҷойи ин хона бинои нав сохта намешавад.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи Нақшаи генералии шаҳр, дар ин ҷо то тобистони соли ҷорӣ гулгашт сохта мешавад.

Айни замон дар паси ин бино сохтмони маҷмааи хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.