Анҷоми бозиҳои даври якуми Лигаи олии футболи мамлакат

Рӯзи 4 апрел мавсими нави Соса-Cоla – Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олии ҷумҳурӣ оғоз гардида, то 6 апрел идома ёфт. Дар мавсими ҷашнии 30-юми чемпионат 10 даста иштирок мекунанд. Чемпионати имсола бо вохӯрии дастаҳои футболи  «Файзканд» – КМВА ва “Хуҷанд” – “Душанбе” оғоз гардида, футболбозони Восеъ душанбегиҳоро бо ҳисоби 1:0  ва хуҷандиҳо дастаи […]

Рӯзи 4 апрел мавсими нави Соса-Cоla – Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олии ҷумҳурӣ оғоз гардида, то 6 апрел идома ёфт. Дар мавсими ҷашнии 30-юми чемпионат 10 даста иштирок мекунанд.

Чемпионати имсола бо вохӯрии дастаҳои футболи  «Файзканд» – КМВА ва “Хуҷанд” – “Душанбе” оғоз гардида, футболбозони Восеъ душанбегиҳоро бо ҳисоби 1:0  ва хуҷандиҳо дастаи “Душанбе”-ро бо ҳисоби 4:1 мағлуб карданд.

Рӯзи 5 апрел бозӣ байни дастаҳои “Эсхата” ва “Хатлон”мусовӣ – 1:1 анҷом ёфта, рӯзи дигар “Истаравшан” дар майдони худ дастаи “Равшан”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Ба ин тариқ, пас аз даври якум “Файзканд”, “Хуҷанд” ва “Истаравшан” 3 имтиёз касб карда, “Эсхата” ва “Хатлон” 1-имтиёзӣ доранд. КМВА, “Душанбе” ва “Равшан” ҳоло имтиёзе надоранд.

Қобили зикр аст, ки дар робита ба омодагӣ ва иштироки тими “Истиқлол”-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2021 ҳамаи бозиҳои ин даста дар оғози мавсим ба муҳлати дертар мавқуф гузошта шуда, пас аз бозгашти ҳайати даста аз Арабистони Саудӣ дар рӯзҳои эҳтиётӣ доир мегарданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.