Оғози тамринҳои низомии бузургмиқёс дар ҷануби Тоҷикистон

Дар қаламрави се машқгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон имӯз, 19 апрел тамринҳои густардаи маҷмӯавии фавриву тактикӣ оғоз шуданд. Ин тамринҳо аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, то 23 апрел идома меёбад. Дар он намояндагони сохторҳои қудратии кишвар, ҳайати захираҳои даъвати сафарбарии артиши ҷумҳурӣ аз ҳамаи 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, кормандони мақомоти давлатии […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар қаламрави се машқгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон имӯз, 19 апрел тамринҳои густардаи маҷмӯавии фавриву тактикӣ оғоз шуданд.

Ин тамринҳо аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, то 23 апрел идома меёбад.

Дар он намояндагони сохторҳои қудратии кишвар, ҳайати захираҳои даъвати сафарбарии артиши ҷумҳурӣ аз ҳамаи 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, кормандони мақомоти давлатии кишвар, сарбозону афсарони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон иштирок мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар полковник Фаридун Маҳмадализода.

Ба гуфтаи ӯ, тамринҳо бо иштироки ҳудуди 50 ҳазор нафар ҳарбиён – 9 ҳазор сарбозону афсарони сохторҳои қудратии Тоҷикистон, 1 ҳазору 700 нафар сарбозону афсарони Русия, 40 ҳазор нафар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарии артиши миллии ҷумҳурӣ дар машқгоҳҳои “Сумбула”, “Момирак” ва “Ҳарбмайдон” баргузор мешаванд.

Ба тамринҳо инчунин ҳудуди 70 адад техникаи зиреҳпӯш, 780 адад автомашинаҳо, 20 адад дастгоҳи артиллерия ва 20 адад воҳидҳои авиатсия сафарбар мешаванд.

Ба гуфтаи Маҳмадализода, марҳилаи хотимавии тамринҳоро ҳайати фармондеҳии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Ҳавзаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия назорат мекунанд.

Дар ҷараёни тамринҳо сарбозону афсарони Тоҷикистону Русия масоили амалҳои муштаракро дар ҳолати пайдо шудани таҳдидҳо дар сарҳадҳои ҷанубии ИДМ мавриди амалу таҷрибаомӯзӣ қарор медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.