Сокини Варзоб, ки аз милисаи Душанбе шикоят кард, ба гуфти ВКД “бемории руҳӣ доштааст”

Сокини деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб Мансур Шоназарови 45-сола 16 апрел дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук муроҷиати видеоӣ нашр намуда, дар он аз мавриди таҳдид ба шиканҷа қарор гирифтанаш аз ҷониби кормандони милитсия шикоят намудааст. Бо мақсади санҷиши ваҷҳҳои дар навор инъикосгардида мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе сафарбар гардиданд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон […]

Сокини деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб Мансур Шоназарови 45-сола 16 апрел дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук муроҷиати видеоӣ нашр намуда, дар он аз мавриди таҳдид ба шиканҷа қарор гирифтанаш аз ҷониби кормандони милитсия шикоят намудааст.

Бо мақсади санҷиши ваҷҳҳои дар навор инъикосгардида мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе сафарбар гардиданд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки дорои бемории руҳӣ буда, дар қайди МД «Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ» қарор дорад ва пайваста бо ташхиси «Ихтилоли ғашёнии шахсият бо пайдошавии хуруҷҳои ғашёнӣ» дар Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ дар ноҳияи Рудакӣ бистарӣ ва табобат мегирифтааст.

“Ҳолати бемории равонии шаҳрванд Шоназаровро пайвандону наздикон, аз ҷумла ҳамсару фарзандонаш низ тасдиқ намуда, иброз доштаанд, ки ҳолати сабти навор ва пахши он дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук зимни хуруҷи навбатӣ ва ангезаҳои бемории равонӣ дар шаҳрванд ба вуқуъ омадааст”, – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ҷиҳати ба табобат фаро гирифтан, номбурда ба Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ дар ноҳияи Рудакӣ дастрас ва бистарӣ карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.