Фонди тоҷикистонии Оғохон ба тендери корҳои таъмир даъват мекунад

ЭЪЛОН БАРОИ  ИШТИРОК  ДАР  ТЕНДЕР Ташкилоти ҷамъиятии Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон (БҶИИМК) -и  лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон  ҳамаи ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқиро барои иштирок дар тендери мазкур даъват менамояд: Ширкатҳои ҳавасманд метавонанд, тамоми маҷмӯъи ҳуҷҷатҳои тендериро дар  шакли пурра  тариқи почтаҳои электронии [email protected]  ё [email protected]  баъди пардохти  маблағи муайяншуда, дастрас намоянд. Арзиши ҳуҷҷатҳои […]

ЭЪЛОН БАРОИ  ИШТИРОК  ДАР  ТЕНДЕР

Ташкилоти ҷамъиятии Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон (БҶИИМК) -и  лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон  ҳамаи ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқиро барои иштирок дар тендери мазкур даъват менамояд:

Ширкатҳои ҳавасманд метавонанд, тамоми маҷмӯъи ҳуҷҷатҳои тендериро дар  шакли пурра  тариқи почтаҳои электронии [email protected]  ё [email protected]  баъди пардохти  маблағи муайяншуда, дастрас намоянд. Арзиши ҳуҷҷатҳои тендери 200 (дусад) сомониро ташкил медиҳад, ки бояд ҳамчун пардохти бебозгашт ба суратҳисоби ташкилот сурат гирад. Мӯҳлати охирон барои гирифтани  ҳуҷҷатҳои тендерӣ 26.04.2021 сол

Шахси масъул оиди эзоҳдиҳии ҳуҷҷатҳои тендерӣ

Шерзамонов Ёдгор, телефон: 935008990;  е-mail: [email protected]

Шахсони масъул барои пешниҳод ва  қабули  ҳуҷҷатҳои тендерӣ:

Дар ш. Хоруғ: Нусратулло Миралибеков, телефон: +992938858989;  е-mail: [email protected]

Дар ш. Душанбе: Қудратов Улфатшо, телефон: +992372247650;  е-mail: [email protected]

Таваҷҷӯҳ: Таҳияи нодурусти ҳуҷҷатҳо ё пешниҳод нашудани яке аз ҳуҷҷатҳои талабшуда ва  ё мавҷуд набудани маълумоти талабгардида, асос барои соқит кардани пешниҳодоти тиҷоратии пудратчии эҳтимолӣ аз таҳлилу баррасии минбаъда шуда метавонанд.

Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то санаи 28 апрели соли 2021 соати 09:00  мебошад. Пешниҳоди тиҷоратӣ бояд мувофиқи талаботи дар “Ҳуҷҷатҳо барои тендер” нишондодашуда ва дар лифофаи мӯҳршуда дар ду нусха (аслӣ ва нусха), омода ва ба шахсон ва суроғаҳои дар боло зикршуда пешниҳод карда шавад. Дархостҳое, ки аз мӯҳлати муқарраршуда дертар пешниҳод карда мешаванд, ба инобат гирифта намешаванд.

Диққат!   Иштирокчиёни тендер соати  10.00  санаи 28-уми апрели соли 2021 ба дафтарҳои кории БҶИИИМК  ба суроғаи  ш. Хоруғ  кӯчаи Ленин 62 ва ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот ошёнаи 4-ум барои иштирок дар раванди кушодани  пешниҳодоти тендерӣ  даъват карда мешаванд. Бо худ доштани ҳисобҳои сметавӣ дар шакли электронӣ ҳатмист.

Намояндагони ширкатҳои довталаб барои иштирок дар раванди кушодани лифофаҳои тендерӣ ба суроғаҳои болозикршуда даъват карда мешаванд ва ё метавонанд тариқи онлайн тавассути Skype иштирок намоянд 

Ташкилот-Фармоишгар  ҳуқуқи  қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда, ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва барои ин иқдоми худ  дар назди Иштирокчиёни тендер  ягон ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад. Ташкилот-Фармоишгар инчунин  ҷиҳати пешниҳоди маълумот  ба онҳо  дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва  қарори қабул кардааш низ  ӯҳдадор нест. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.