Фаврӣ: Захмӣ шудани се сокини деҳаи Сомониёни Исфара аз сӯйи марзбонони қирғиз

Се сокини деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара бар пайи як низои марзӣ аз сӯйи марзбонони қирғиз мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтаанд, ки ҳоло дар шуъбаи эҳёи беморхона қарор доранд. Вазъи онҳо муътаъдили нигаронкунанда арзёбӣ мешавад, гуфтанд ба "Азия-Плюс" аз Беморхонаи марказии Исфара Ба гуфтаи як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара ин се нафар бар пайи як […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Се сокини деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара бар пайи як низои марзӣ аз сӯйи марзбонони қирғиз мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтаанд, ки ҳоло дар шуъбаи эҳёи беморхона қарор доранд. Вазъи онҳо муътаъдили нигаронкунанда арзёбӣ мешавад, гуфтанд ба "Азия-Плюс" аз Беморхонаи марказии Исфара

Ба гуфтаи як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара ин се нафар бар пайи як ҷанҷоле, ки субҳи имрӯз миёни деҳаҳи ҳаммарз сар задааст, маҷруҳ шудаанд. Ба гуфтаи манбаъ тирандозиро ҷониби Қирғизистон оғоз кардааст. 

"Ҷанҷол миёни сокинон субҳи имрӯз оғоз шуд, ба сӯйи якдигар сангзанӣ карданд. Вале аз ҷониби Қирғизистон низомиён бо либоси мулкӣ тирандозиро ба сӯйи бошандагони мо оғоз карданд. Дар натиҷа даҳҳо нафар хисорот диданд, чандин сокини деҳа захмӣ шуданд",- гуфт ин манбаъ. 

Аз беморхонаи марказии Исфара ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки аз ҷойи ҳодиса се нафарро оварданд, ки ҷароҳат бардоштаанд. "Онҳо ҳоло дар шуъбаи эҳё қарор доранд. Вазъи онҳо муътадили нигаронкунанда арзёбӣ мешавад. Пизишкон ба онҳо ёрии лозимро расонида истодаанд".

Манбаи мо аз шаҳрдории Исфара мегӯяд, ки намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷойи ҳодиса қарор доранд ва бо сокинони маҳаллӣ мулоқот мекунанд. Вале дар мавриди хатми ҷанҷол ӯ чизе нагуфт. 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.