Ба хонаводаи ҳар кушташудаи даргириҳои марзӣ 70 ҳазор сомонӣ доданд. Ҳамчунин лавҳаи ёдбуди онҳо сохта мешавад

Ба хонаводаи ҳар кушташудаи даргириҳои марзӣ дар ҳаводиси рӯзи 29-30 апрел дар Тоҷикистон 70 ҳазор сомонӣ ёрии молӣ доданд. Ин ёриҳоро раиси вилояти Суғд  Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ зимни аёдат ва ҳолпурсии хонаводаҳои қурбониён имрӯз аз номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супурдаанд Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд ин […]

Ба хонаводаи ҳар кушташудаи даргириҳои марзӣ дар ҳаводиси рӯзи 29-30 апрел дар Тоҷикистон 70 ҳазор сомонӣ ёрии молӣ доданд. Ин ёриҳоро раиси вилояти Суғд  Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ зимни аёдат ва ҳолпурсии хонаводаҳои қурбониён имрӯз аз номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супурдаанд

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд ин кӯмакҳо ба хонаводаи сокини ҷамоати деҳоти Сурх – Бахтовар Маҳмудов, сокинони ҷамоати деҳоти Чоркуҳ – Собир Ваҳобов, Манучеҳр Қаландаров, Ҳакимбой Ниёзов, Нусратулло Набиев, Ҳасанхон Шаропов, Далер Эшонов, Иброҳим Ҳошимзода, Ҳикматулло Махкамов ва сокини ҷамоати деҳоти Ворух – Меҳрӯзиддин Болтаев расонида шудаанд.

Аҳмадзода ва Раҳмоналӣ ба хонаводаҳои қурбониёни даргириҳо рафта, изҳори ҳамдардиву таслият карда гуфтаанд, ки "қаҳрамониҳои фарзандони шуҷои Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва ҷоннисориҳои фарзонагони давр, ки барои ҳифзи хоки сарзамин худро сипар сохтанд, дар саҳифаҳои таърихи миллат абадан сабт мегардад".

Раиси вилояти Суғд гуфтааст, ки ҳукумат аҳли оилаи шахсони фавтидаро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад ва ҳамеша барои дастгирии онҳо, аз ҷумла фарзандони шаҳидон чораҷӯӣ мекунад. То ба синни балоғат расидани фарзандони шахсони марҳум ба таълиму тарбияи онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, пас аз хатми мактаби миёна тавассути квотаҳо барои таҳсили онҳо дар муассисаҳои олӣ мусоидат карда ҳоҳад шуд. Ҳамзамон барои поси хотири шаҳидон лавҳаи ёдбуд гузошта мешавад.

То имрӯз тибқи иттилои расмӣ Тоҷикистон даргириҳои марзӣ бо Қирғизистон 18 кушта ва беш аз 80 захмӣ дорад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.