“Ҳомии ҳуқуқ”: “Тоҷиконро дар фурудгоҳҳои Бишкеку Ош беасос боздошт мекунанд”

Ҳомии ҳуқуқи маъруф Валентина Чупик дар як навори видеоияш дар мавриди ҳолатҳои амали ғайриқонунии сарҳадбонони қирғиз нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Қирғизистон изҳори назар мекунад. Дар оғози навори муроҷиати видеоӣ ӯ зикр мекунад, ки “ҳозир дар қаламравҳои наздисарҳадӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон вазъ нохуб буда, ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ҳавопаймо ба Қирғизистон меоянд, […]

Ҳомии ҳуқуқи маъруф Валентина Чупик дар як навори видеоияш дар мавриди ҳолатҳои амали ғайриқонунии сарҳадбонони қирғиз нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Қирғизистон изҳори назар мекунад.

Дар оғози навори муроҷиати видеоӣ ӯ зикр мекунад, ки “ҳозир дар қаламравҳои наздисарҳадӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон вазъ нохуб буда, ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ҳавопаймо ба Қирғизистон меоянд, низ бетаъсир намонд”.

“Дар фурудгоҳҳои Бишкеку Ош онҳоро боздошт ва нисбаташон рафтору кирдори номуносибро раво медонанд, соатҳои тӯлонӣ дар фурудгоҳ нигоҳ дошта, хӯрок намедиҳанду мавриди таҳқир қарор медиҳанд ва мегӯянд, ки онҳоро истирдод мекунанд. Фаҳмост, ки ҳамаи одамон эҳсосотианд, сарҳадбонон низ, лекин ин маънои онро надорад, ки эҳсосот нисбати шаҳрвандони одӣ зоҳир шавад, ки комилан дар ин ҳодисаҳо даст надоранд”, – гуфтааст ӯ.

Чупик изҳор мекунад, ки “эҳсосот мутлақо дӯсти хидматчии давлатӣ буда наметавонад, чунки хидматчии давлатӣ бояд на ба поймолкунии ҳуқуқи шаҳрвандон аз рӯйи аломат ва шаҳрвандӣ, балки бояд ба иҷрои вазифаи давлатии худ машғул бошад”.

“Дархости зиёд дорам, нисбати хидматчиёни  хадамоти марзбониатон дар фурудгоҳҳои Ошу Бишкек чорае андешед. Доир ба ин масъала муроҷиатҳои зиёде ба мо расиданд. Ҳамчун давлат ин комилан ба манфиати Қирғизистон нест ва ба муносибатҳои давлатӣ танҳо латма мезанад. Ҳозир <…ба созиш ноил гардидед…>… чаро дубора ин вазъро барангехтан лозим аст. Хоҳиш мекунам, ки ба хидматчиёни давлатии худ кумак кунед, ки ором бошанду на зидди давлат, балки ба манфиати давлат кор кунанд”, – илова кардааст ҳомии ҳуқуқ.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиату шикоятҳои шаҳрвандони Тоҷикистон нашр шуданд, ки замони даргириҳои марзӣ ба фурудгоҳҳои Қирғизистон омада буданд. Онҳо аз фишору тамаъҷӯӣ ва лату кӯб аз ҷониби шахсони ҷудогона, аз ҷумла дар фурудгоҳи Ош арзу шикоят мекарданд.

Роҳбари диаспораи тоҷикон дар Ош: “Вазъият дар мо ором аст”

Дар ҳамин ҳол, раиси диаспораи тоҷикони “Дӯстӣ” дар шаҳри Ош Холиқназар Алиназар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор намудааст, ки вазъ дар шаҳр ором асту рӯзҳои охир дар интернет хабарҳои бардурӯғ мепартоянд.

"Ниҳодҳои амниятӣ бо мо доим дар тамосанд, занг мезананд ва вазъро мепурсанд. Шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз Русия тариқи транзит меоянд, тибқи иттилои мо, бо мошинҳо то марзи Ӯзбекистон ҳамроҳӣ мекунанд", – гуфтааст раиси ҷамъият.

Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, онҳо иттилои марбут ба вазъи шаҳрвандони Тоҷикистонро пайгирӣ карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон мерасонанд.

"Мо итминон дорем, вазъ зери назорат аст ва шаҳрвандон муҳофизат хоҳанд шуд", – гуфтанд масъулони сафорат.

Маводи муфассал аз ҷараёни пешинаи рӯйдодҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.