Пизишкон вазъи яке аз осебдидаҳои таркиши “заправка”-и Испечакро то ҳол вазнин медонанд. Се нафари дигар хуб

Вазъи саломатии яке аз осебдидагони сӯхтор ва таркиши  рӯзи 1-уми майи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар маҳаллаи Испечаки Душанберо то кунун вазнин арзёбӣ мекунанд. Пизишкон вазъи Алексей Рязантсеви 21-соларо вазнин медонанд, ки ҳоло зери назорати Вазорати тандурустӣ ва  Раёсати тандурурустии Душанбе қарор дорад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Тоҳир Зубайдов, мудири шуъбаи бемориҳои сӯхтаи маркази […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазъи саломатии яке аз осебдидагони сӯхтор ва таркиши  рӯзи 1-уми майи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар маҳаллаи Испечаки Душанберо то кунун вазнин арзёбӣ мекунанд.

Пизишкон вазъи Алексей Рязантсеви 21-соларо вазнин медонанд, ки ҳоло зери назорати Вазорати тандурустӣ ва  Раёсати тандурурустии Душанбе қарор дорад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Тоҳир Зубайдов, мудири шуъбаи бемориҳои сӯхтаи маркази шаҳрии №3 хабар дод.

Ба гуфтаи номбурда, саломатии Алексей вазмин арзёбӣ гардида, аз ҳолати садамавӣ то ҳол берун нашудааст.

«Ҳолати ҷавон вазнин аст ва 75 фоизи бадани ӯ осеб дидааст. Барои аз ҳолати вазнин баровардани ин ҷавон тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуд ва табибон низ барои шифои ҷавон шабу рӯз ёрии тиббӣ расонида истодаанд. Айни ҳол ҳамаи табобат ва доруворӣ барои ӯ ройгон».

Зубайдов гуфт, ки ин ҷавон ятими кул мебошад, вале ӯ парастор дорад, ки аз ҳолаш хабар мегирад. Ӯ дар хурдсолӣ аз волидайн ятим монда, ақрабое надорад.

Ирина Наврузова парарастори Алексей дар як сухбати телефони ба «Азия-Плюс» гуфт, ки «Лёша зинда аст ва саломатияш низ ба охистаги баркарор мешавад. Ва аз табибон барои нигохубини ӯ миннатдор мебошад. Аз НФС, ки он ҷо кор мекарда, тамоми кӯмакҳои худро барои беҳбудии саломатии Лёша карда истодаанд».

Алексей дар ин НФС кор мекард. Ҳамкоронаш аз ҷойи кор ва дӯстонаш ҳам ба хабаргирии Алексей омадаанд.  ӯ  дар хурдсоли аз волидайн ятим монда, ақрабое надорад.

Сарфи назар аз ин ки табибон тамоми таботаи Алексейро ройгон мегӯянд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ корзории ҷамъоварии ёриҳо барои ӯ фаъол шудааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки аз ҷойи кор низ ба ӯ ёрии молӣ расонида шудааст.

Аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ятим будани будани ӯ бетараф нагузошта, маъмури гуруҳи «Мо Тоҷикистониён» дар Facebook Алексей ҷамъоварии ёриҳоро эълон карда буд. Имрӯз корзории ҷамъоварии маблағро бастанд ва ҳаҷми маблағи ҷамъоваришуда барои табобати минбаъдаи Алексей нашр шудааст.

Бояд гуфт, ки тибқи маълумоти расмӣ дар ҳодисаи мазкур 29-нафар осеб дида, ҳамаи осебдидагон ба Маркази тиббии №3 ва Маркази миллиии «Шифобахш» (Қарияи Боло) интиқол дода шудаанд.

Ҳамзамон чанд тани дигар аз осебдидагони таркиш дар беморхонаи «Шифобахш» (Караи боло) бистарӣ шудаанд. Директори Маркази миллии тиббии “Шифобахш” Хизматулло Шамсзода. Ба «Азия-Плюс» гуфт, ки ҳоло дар беморхонаи мазкур танҳо 3 нафар осебдидагони таркиш бистарӣ мебошанд, ки вазъи саломатияшон мӯътадил арзёбӣ мегардад.

«Вазъияти ду бемор хуб аст. Яке аз осебдидагон низ дирӯз аз шӯъбаи эҳё баъди ҷарроҳӣ ба шӯъба гузаронида шуд. Осебдидагон мард буда, синну солашон аз 20 боло мебошад. Ба беморон ҳамаи кӯмакҳои саривақтӣ аз ҷониби табибон расонида шуда истодааст. Боқимонда бемороне, ки ҳамун рӯзи таркиш оварда шуда буданд, вазъи саломатияшон хуб буда, баъди муоина ва кӯмаки аввалия тиббӣ онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд». – гуфт Шамсзодда.

Ба гуфтаи мудири “Шифобахш” Алексей низ дар аввал ба бемрхонаи онҳо оварда шуд ва баъди ёрии аввалия ба беморхонаи бемориҳои сӯхтаи маркази шаҳрии №3 интиқол шуд.

Ёдрас мекунем, ки 1 май тахминан соати 18-30 дақиқа дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар маҳаллаи Испечак 2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, оташсӯзӣ сар зад. Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар дода буд, бар асари сӯхтор ва таркиш дар ин нуқта 29 нафар осеб диданд.

Барои хомӯш кардани сӯхтор 31 дастаи Хадамоти оташнишонӣ ва 9 мошини ёрии таъҷилӣ сафарбар шуда, соати  22:12 сӯхтор ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.

Рӯзи 4-уми май ВКД Тоҷикистон алайҳи соҳиби ин нуқта бар асоси моддаи 192, қ.2 Кодекси ҷиноятии ҶТ (вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор) парвандаи ҷиноӣ боз кард. Ин нуқта ба сокини Душанбе, Эҳсонҷон Розиқови 33-сола тааллуқ дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.