Мансабдоре, ки дирӯз дар Дастгоҳи иҷроия аз кор озод шуд вакили парлумон мешавад

Имрӯз, 5 май ваколатҳои вакил Абдураҳим Холиқзода, ки 27 апрел тибқи амри президент ба вазифаи директори МД “Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон” таъин шуд, қатъ мешаванд. Мувофиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, бе баргузор намудани интихоботи ғайринавбатӣ ба ҷойи ӯ дигар шахс вакили парлумон мешавад. “Холиқзода моҳи марти соли 2020 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ вакил интихоб шуда, баъди […]

Имрӯз, 5 май ваколатҳои вакил Абдураҳим Холиқзода, ки 27 апрел тибқи амри президент ба вазифаи директори МД “Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон” таъин шуд, қатъ мешаванд.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, бе баргузор намудани интихоботи ғайринавбатӣ ба ҷойи ӯ дигар шахс вакили парлумон мешавад.

“Холиқзода моҳи марти соли 2020 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ вакил интихоб шуда, баъди парлумонро тарк кардан, ҷойи ӯро бе баргузории интихоботи нав номзади минбаъда аз рӯйхати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ишғол мекунад. Ин номзад узви ҲХДТ Файзалӣ Идизода мебошад”, – гуфт ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҲХДТ.

Ёдрас мекунем, ки Файзали Идизода 4 май бо амри президент аз вазифаи сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат озод карда шуд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, роҳбари ҳизб раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд.

Аксари аъзои ҳукумат, вакилони ҳар ду палатаи парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар аъзо ё номзадҳои аз ҷониби ҲХДТ пешбаришуда мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.