Манбаъ: SMS дар Тоҷикистон монополия мешавад, як ширкати оффшорӣ соҳиби ин тиҷорат шуд

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ба инҳисор (монополия) кардани хизматрасонӣ (сервис)-и паёмакҳои кӯтоҳ (SMS-паёмак) ба манфиати як ширкати ноошнои оффшории Айрис» (IRIS) оғоз кард, хабар доданд ба “Азия-Плюс” бозигарони ин бозор, ки нахостанд ному насабашон ифшо шавад. Ин ҷо гап сари SMS-паёмакҳо меравад, ки таксиву бонкҳо, онлайн-хизматрасониҳо, букмекерҳо ва дигар ташкилоту ширкатҳо онро тариқи SMPP-шлюзҳои […]

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ба инҳисор (монополия) кардани хизматрасонӣ (сервис)-и паёмакҳои кӯтоҳ (SMS-паёмак) ба манфиати як ширкати ноошнои оффшории Айрис» (IRIS) оғоз кард, хабар доданд ба “Азия-Плюс” бозигарони ин бозор, ки нахостанд ному насабашон ифшо шавад.

Ин ҷо гап сари SMS-паёмакҳо меравад, ки таксиву бонкҳо, онлайн-хизматрасониҳо, букмекерҳо ва дигар ташкилоту ширкатҳо онро тариқи SMPP-шлюзҳои операторони мобилӣ ба муштариёни худ ирсол мекунанд.

Операторони мобилии Тоҷикистон аллакай шарикони худ – иштирокчиёни бозорро дар бораи оғози қатъҳо огоҳ намуда, тавсия медиҳанд, ки барои пайваст аз рӯйи шлюз (банд, дарвоза)-и ягонаи ширкати “Айрис” ба Хадамоти алоқа муроҷиат кунанд.

Тамосҳо қимат мешавад

Иштирокчиёни бозор акнун бо ин ширкати оффшорӣ тибқи баъзе маълумот, ки алҳол дастрасии маълумоти кофӣ дар бораи он муяссар намешавад, бояд шартнома имзо кунанд.

Дар натиҷаи монополия кардани бозор SMS-паёмакҳо тибқи маълумоти гуногун, то 60 баробар боло рафта метавонанд: аз 0,5 дирам то 30 дирам барои 1 SMS. Ин маънои онро дорад, ки алоқаи мобилӣ барои ҳамаи корбарон қимат мешавад.

Нуқсон пайдо мешаванд

Дар ҳамин ҳол, аз пайдо шудани нуқсонҳои доимӣ интизорӣ меравад, зеро ба гумон аст, ки шлюзи ягона аз уҳдаи сариштаи ҷараёни бузурги огоҳиномаҳо баромада тавонад.

“Дар ҷумҳурӣ садҳо ширкат аз чунин сервисҳо истифода мебаранд, ҳаҷми SMS-паёмакҳо бениҳоят калон буда, шлюзи ягона ба ин миқдор сарборӣ тоб оварда наметавонад. Дар натиҷа доимо нуқсонҳо пайдо мешаванд”, – мегӯянд мутахассисони соҳа.

Маълумот дар бораи шумо боз мемонад

Лекин мушкили асосӣ сари он аст, ки ширкати номаълум ба маълумоти шахсӣ, мукотибаи ҳар кадоме аз корбари интернет дастрасӣ пайдо мекунад.

Хадамоти алоқа рад мекунад

Дар ҳамин ҳол, дар Хадамоти алоқа монополия кардани ин бозорро қатъиян рад мекунанд. “Ин маълумоти бардурӯғ (фейк) аст, ман дар ин бора чизе намедонам. Аз ҷониби кӣ паҳн шудани чунин маълумоти бардурӯғро фаҳмидан даркор аст”, – гуфт ба “Азия-Плюс” муовини сардори Хадамоти алоқа Илҳом Атоев.

Қобили зикр аст, ки айни замон ирсоли SMS-паёмакҳои ширкату ташкилотҳо тариқи SMPP-шлюзҳои операторони алоқаи мобилӣ сурат мегирад. Дар вақти “соатҳои шиддатнок” (пиковые часы) ноқисиву дермониҳо пайдо мешаванд, лекин танҳо баъзан, чунки зерсохтори чор оператор ва даҳҳо ширкатҳои хусусӣ, ки чунин хизматрасониро пешниҳод мекунанд, хеле бузургу пуриқтидор аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.