Онҳо 94 нафар монданд. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар собиқадорони ҶБВ 10 ҳазор сомонӣ ҷудо кард

Ба муносибати 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) аз фонди захиравии сарвари давлат ба ҳар кадоме аз собиқадорони ин ҷанг 10 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ. Ғайр аз ин, президент ба ҳамаи раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоят дастур дод, ки аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ба муносибати 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) аз фонди захиравии сарвари давлат ба ҳар кадоме аз собиқадорони ин ҷанг 10 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ғайр аз ин, президент ба ҳамаи раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоят дастур дод, ки аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ ба собиқадорони ҶБВ кумаки молиявӣ расонанд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, айни замон дар ҷумҳурӣ 94 собиқадори ҷанг зиндагӣ мекунанд.

Ҳамагӣ як моҳ пеш шумори онҳо 102 нафарро ташкил дода, ҷашни Рӯзи Ғалабаи соли гузаштаро 168 нафар собиқадорони ҷанг аз Тоҷикистон таҷлил намуданд.

Дар майдонҳои набарди ҶБВ наздики 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ҷангидаанд. Аз ин шумор 92 ҳазор ҳалок ва бе ному нишон шуда, ба 65 кас унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд, 15 нафар бо ордени “Шараф” ва боз 55 ҳазор кас бо ордену медалҳои дигар мукофотонида шуданд.

Қаблан бо қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, ба 16 собиқадори ҶБВ, ки имруз дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, аз фонди захиравии раиси шаҳр 1,5 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустӣ дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, вазъи саломатии як ноболиғ ва чанд мактабхони дигар баъди истеъмоли ин дору бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.