Падари чоргоникҳо: бо панҷ фарзанд куҷо рафтанамро намедонам

Фотимаву Зуҳро ва Ҳасану Ҳусейн чоргоникҳои оилаи ҷавони тоҷик – чормоҳа шуданд. Вазъи саломатии онҳоро волидонашон хуб арзёбӣ мекунанд. Падару модар аз таваллуди чоргоник хело хушҳоланд, аммо нигаронанд, ки рӯз то рӯз бо бузург шудани тифлон мушкилашон меафзояд. Ба далели ин ки тавони волидайн ба танҳоӣ барои парастории кӯдакон намерасад, Далер Файзулоев падари чоргоникҳо хушдоманашро барои […]

Эмомалӣ Сайидзод, Asia-Plus

Фотимаву Зуҳро ва Ҳасану Ҳусейн чоргоникҳои оилаи ҷавони тоҷик – чормоҳа шуданд. Вазъи саломатии онҳоро волидонашон хуб арзёбӣ мекунанд. Падару модар аз таваллуди чоргоник хело хушҳоланд, аммо нигаронанд, ки рӯз то рӯз бо бузург шудани тифлон мушкилашон меафзояд.

Ба далели ин ки тавони волидайн ба танҳоӣ барои парастории кӯдакон намерасад, Далер Файзулоев падари чоргоникҳо хушдоманашро барои ёрдам даъват кардааст.

"Бароям мушкил шудааст ростӣ гап, бо ин 1200 сомоние, ки маош мегирам аз ин дида зиёд карда намешавад. Танҳо пули иҷораи хонаро медиҳам. Агар хона аз худам мебуд, ман ин маошро сад дар сад ба зиндагӣ мерасондам. Дар як моҳ танҳо бо 500-600 сомонӣ барои кӯдакон шири сунъӣ бояд бихарам".

Ба ҷузъ ин, қариб ҳамин миқдор пули дигарро барои масрафи боғчаи писари калониаш медиҳад.

Далер баъд аз хонадор шудани бародараш хонаи падарро тарк кард ва дар пойтахт иҷоранишин шуд, чун дар як ҳавлӣ имкони зиндагӣ кардани се оила вуҷуд надошт.

Далеру ҳамсараш то ин вақт дар хонаи хусуру хушдомаша зиндагӣ мекарданд.

Ҳоло мегӯяд, хонаи хусуру хушдоманам фақат ба танҳоӣ метавонам биравам, зеро хонаи онҳо ҳам танг аст, ҷой намерасад. Боли ин сунҳор (келин) доранд.

Таваллуди дугоник ё бештар аз он, дар таърихи Тоҷикистон камназир аст. Онҳое, ки пештар чоргоник таваллуд карда буданд, барояшон маблағҳои қобили мулоҳиза ё хонаву дигар туҳфаҳои гаронбаҳо медоданд. Ин хонавода то имрӯз умед бар он доранд, ки мақомоти дахлдор чун дигар оилаҳои чоргонику панҷгоник, ки соҳиби сарпаноҳ шуданд, мушкили бехонагии инҳоро низ бартараф хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки аз ин қабл ҳам Далеру ҳамсараш барои дарёфти хона  Файзуллоев, сокини пойтахт, ки ҳамсараш Сарвиноз Аскароваи 34-сола рӯзи 15-уми декабр дар таваллудхонаи рақами 3-и пойтахт чоргоник таваллуд карда буд ба шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ муроҷиат кардааст, то барои нигоҳубини фарзандон ба онҳо дар дарёфти манзил ёрӣ кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.