Созиш: Тоҷикистон ба Ворух роҳи мошингарди ҷудогонаи худро месозад

Тоҷикистону Қирғизистон доир ба сохтмони роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло-Ворух” ба мувофиқа расиданд. Мақоми ин роҳро созишномаи алоҳидаи давлатӣ байни ду кишвар муайян мекунад, гуфта мешавад дар изҳороти муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки рӯзи 5 май дар сомонаи АМИТ “Ховар” ба нашр расидааст. Ҷонибҳо […]

Asia-Plus

Тоҷикистону Қирғизистон доир ба сохтмони роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло-Ворух” ба мувофиқа расиданд. Мақоми ин роҳро созишномаи алоҳидаи давлатӣ байни ду кишвар муайян мекунад, гуфта мешавад дар изҳороти муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки рӯзи 5 май дар сомонаи АМИТ “Ховар” ба нашр расидааст.

Ҷонибҳо роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло-Ворух”-ро дар хамгашти самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Тангӣ (Капчигай) якҷоя месозанд ва ҷониби Тоҷикистон истифода ва нигоҳдорӣ мекунад.

“Мақоми ин роҳро созишномаи алоҳидаи давлатӣ байни ду кишвар муайян мекунад”, – зикр мегардад дар изҳорот.

Гуфта мешавад, барои ҳарчи зудтар оғоз намудани сохтмони ин роҳ ба гурӯҳҳои кории топографӣ супориш дода шуд, ки якҷоя бо ташкилоти лоиҳакашӣ тадқиқоти саҳроии ин мавзеъро дар заминҳои истифодаи амалии минтақаи Ботканд то 1 июни соли 2021 анҷом диҳанд.

Зикр мегардад, ки ин қарор бо мақсади ҳаракати бемамониати шаҳрвандон, убури воситаҳои нақлиёт ва молҳои Тоҷикистон то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва барасмиятдарории қонунии Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон қабул шудааст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки баъди ба итмом расидани сохтмони роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло-Ворух” дар хамгашти шарқии нуқтаи аҳолинишини Тангӣ (Капчигай) ба тасвири лоиҳавии хати Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон шурӯъ мекунанд.

Ҳайати ҳукуматҳоро дар гуфтушунид, ки рӯзҳои 1-2 май дар вилояти Ботканд баргузор шуд, раисони КДАМ Тоҷикистон – Саймумин Ятимов ва Қирғизистон – Қамчибек Тошиев роҳбарӣ карданд.

Роҳбарони ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи зарурати тасвири ҳарчи зудтари хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қисматҳои боқимонда пурра изҳори ҳамдигарфаҳмӣ карданд.

Аз масофаи умумии 976 километр сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз танҳо 504 километри он таъйину аломатгузорӣ шудааст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои тасвири хати лоиҳавии Сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қисматҳои аз нуқтаи сарҳадии № 43 то нуқтаи сарҳадии № 61 ва аз нуқтаи сарҳадии №135 то нуқтаи сарҳадии №141 аз ҳуҷҷатҳо ва маводи марзбандии миллию ҳудудии солҳои 1924-1927 ва комиссияи паритетии соли 1989 истифода мекунанд.

Ба гурӯҳҳои кории топографӣ дастур дода шуд, ки хати лоиҳавии Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қисматҳои дар боло зикршуда аз 5 то 9 майи соли 2021 тасвир кунанд.

Ҳамзамон бо ин, дар минтақаҳои Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Чоркӯҳ, Сомониён, Хоҷаи Аълои шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон, инчунин нуқтаҳои аҳолинишини Максат, Кулундуи Лайлак, Коктерек, Оқсойи ноҳияҳои Бодканди Қирғизистон гурӯҳҳои кории Тарафҳо то 17 майи соли 2021 ба иҷрои корҳои топографӣ ва тасвири хатти лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қисматҳои болозикр шурӯъ мекунанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи муштараки навбатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки муноқишаи аҳолии маҳаллии минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 29 апрел ба даргириҳои мусаллаҳона байни кишварҳо боис шуд.

Дар даргириҳои мусаллаҳона байни сарҳадбонони кишварҳо аз ҳар ду ҷониб зиёда аз 50 нафар ҳалок ва беш аз 300 кас осеб диданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.