Лавров гуфт Маскав хостори барқарор намудани тамосҳои ҳавоӣ бо Душанбе аст

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров имрӯз, дар Душанбе изҳор кард, ки Маскав мехоҳад ҳарчи зудтар тамосҳои ҳавоиро бо Тоҷикистон барқарор кунад.

“Мо хостори ҳарчи зудтар барқарор намудани хатсайрҳои доимӣ ҳастем, аз ҷумла барои ба таҳсил баргаштани донишҷӯёни тоҷик, ки қариб 20 ҳазор нафар буда, дар макотиби олии Русия таҳсил мекунанд”, – гуфт Лавров дар нишасти матбуотӣ пас аз гуфтушунид бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикитсон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз дар Душанбе.

Ёдрас мекунем, ки ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Airways дар бораи хатсайрҳои чартерии кафолатнок ба Маскав эълон нашр кард, ки ба онҳо натанҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон, балки Тоҷикистону Русия низ билет харида метавонанд.

Дар хабари кӯтоҳи ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон гуфта мешавад, шумори ҷойҳо маҳдуд буда, дар ҷадвали парвозҳо тағйирот ворид шуда метавонад. Ҷадвали хатсайрҳо дар сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ низ қобили дарёфт аст.

Бо вуҷуди эълони аз 1 апрел барқарор шудани хатсайри доимӣ ва парвозҳои чартерӣ байни Тоҷикистону Русия, мардум ҳамарӯза бо мушкилот дар ин самт дучоранд. Билетҳо хеле гарон буда, агар одамон ҳатто онро харанд ҳам, бо ин хатсайр парвоз карда наметавонанд.

Чанде пеш Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон иҷозаи парвозро ба ширкатҳои ҳавопаймоии Nordwind ва S7 Airlines то поин бурдани нархи билет аз ҷониби онҳо то сатҳи муқарраршуда боздошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.