Тоҷикистон мунтазири афви “тиллоӣ”. Киҳоро мебахшанду озод мекунанд?

Тоҷикистон дар пешорӯйи як афви “тиллоӣ”  ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорад. Дар ин бора  ба "Азия-Плюс" як манбаъи муътамад аз Вазорати адлияи кишвар иттилоъ дод. Аммо ин манбаъ мегӯяд,  ҳоло дар ин бора ҳарф задан хеле барвақт аст. "Аммо одатан Пешвои миллат дар солгарди ҷашнҳои бузург маҳбусонро фаромӯш намекунад ва афв эълон мекунад", […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Тоҷикистон дар пешорӯйи як афви “тиллоӣ”  ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорад. Дар ин бора  ба "Азия-Плюс" як манбаъи муътамад аз Вазорати адлияи кишвар иттилоъ дод.

Аммо ин манбаъ мегӯяд,  ҳоло дар ин бора ҳарф задан хеле барвақт аст.

"Аммо одатан Пешвои миллат дар солгарди ҷашнҳои бузург маҳбусонро фаромӯш намекунад ва афв эълон мекунад", – гуфт манбаъ.

Афв хоҳад шуд, ин дақиқ аст, аммо ҳанӯз маълум нест, ки президент ин санадро кай имзо мекунад. Шояд ин санад то охири моҳи август ба имзо расад ва сипас ҷузъиёти қонуни афв маълум шавад, итминон медиҳад манбаи мо.

Дар Тоҷикистон умдатан, ба ифтихори солгарди ҷашнҳои бузурги давлатӣ афв эълон карда мешавад. Охирин қонуни афве, ки дар Тоҷикистон қабул шуд, ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи кишвар дар соли 2019 буд, ки бештар аз 20 ҳазор маҳбусу гумонбару судшавандаву маҳкумшавандаҳоро фаро гирифт.

Дар 20-умин солгарди Конститутсия, дар соли 2014низ афв эълон карда буданд, ки 10 000 нафар афв шуд. Дар соли 2011 дар бистумин солгарди истиқлол 15 ҳазор нафарро афв каданд.

Ҳамчунин сару садоҳое дар ҷомеа дар бораи афви пеши рӯ бархостааст ва бархе аз муҳбусин ин хабарро ба наздикону пайвандонашон расонидаанд.

Гулсифат модари яке аз маҳбусон аст, ки писараш дар маҳбаси рақами 7 –и Душанбе зиндонист. Ин зан ба «Азия-Плюс» гуфт, ки зимни мулоқоти ахир бо писараш дар маҳбас ӯ гуфтааст, ки моҳи август авф эълон мешавад ва маҳбусон дар моҳи сентябр  озод хоҳанд шуд.

“Ман ин афвро мунтазирам ва итминон дорам, ки писари ягонаи ман аз зиндон раҳо хоҳад шуд. Вай бояд бештар аз се соли дигар дар зиндон бошад, аммо умедворам, ки ӯ дар рӯйхати афвшудагон хоҳад буд ва ба назди оилааш бармегардад », мегӯяд ин модар.

Бояд гуфт, ки афв, маъмулан, дар баробари афроде, ки ҳабси абаданд ё ҷазояшон ба ҳабси абад иваз карда шудааст, татбиқ намешавад.

Ёдрас мекунем, ки 25-уми октябри соли 2019 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” имзо гузошт, ки бар асоси он то кунун наздик ба 20 ҳазор афв шудааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.