Шикасти панҷ паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон. Танҳо Темур Раҳимов монд

Аз шаш фиристодаи Тоҷикистон ба Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, то кунун шаш нафари онҳо шикаст хӯрданд. Чаҳор нафар дар давраҳои муқаддамотӣ ва як нафар дар даври сеюм. Аз Тоҷикистон танҳо Темур Раҳимов боқӣ мондааст, ки рӯзи 12-уми июн дар вазни +100 кг вориди рақобат хоҳад шуд.  Мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон имсол аз 6-ум то 13-уми июн дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт ҷараён доранд ва имрӯз рӯзи панҷуми он ҷамъбаст […]

Asia-Plus

Аз шаш фиристодаи Тоҷикистон ба Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, то кунун шаш нафари онҳо шикаст хӯрданд. Чаҳор нафар дар давраҳои муқаддамотӣ ва як нафар дар даври сеюм.

Аз Тоҷикистон танҳо Темур Раҳимов боқӣ мондааст, ки рӯзи 12-уми июн дар вазни +100 кг вориди рақобат хоҳад шуд. 

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон имсол аз 6-ум то 13-уми июн дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт ҷараён доранд ва имрӯз рӯзи панҷуми он ҷамъбаст мешавад. 

Тоҷикистонро дар сабқати мардон панҷ варзишгар – Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Акмал Муродов (- 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг)  намояндагӣ карданд.

Дар сабқати занон варзишгари тоҷик Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кило рақобат кард, ки аз намояндаи Ҷопон Вакана Кога дар даври аввал шикаст хӯрд.

Шаҳбоз Саидаброров намояндаи дигари Тоҷикистон дар вазни -66  низ дар рақобати аввалин аз Мурод Чопанови намояндаи Русия шикаст хӯрд. Акмал Муродов ҳам дар вазни -81, дар даври муқаддамотӣ озод буд, дар даври ду ба нокмоӣ дучор шуд. Ҳарифи ӯ намоняндаи Юнон Алексиос Нтанатсидис буд.

Дар рӯзи панҷуми рақобат, 10-уми июн ду паҳлавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90 кг вориди рақобат шуданд. Ҷаҳонгир Маҷидовро дар нахустин рақобат ҷудокори швейтсарӣ – Сирил Гроссклаус шикаст дод. 

Комроншоҳ Устопириён ҷудокори хушноми тоҷик дар даври аввал бо рақибаш аз кишвари Габон Адама Далекс пирӯз шуд вадар даври дувум намояндаи Перу Юта Галарретаро аз сари роҳаш дур кард.

Дар даври сеюм Комроншоҳ аз дорандаи чор нишони тиллои Grand Slam, ҷудокори кишвари шветсия – Маркус Ниман шикаст хӯрд.

Бино ба иттилои вебсайти Федератсияи ҷаҳонии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқаи пурнуфузи ҷаҳонӣ 706 варзишгар (415 мард ва 291 зан) аз 132 кишвари дунё ширкат мекугнанд. 

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар рақобатҳои инфиродӣ дар Будапешт бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи аввал 26 ҳазор евро (20800 евро – варзишгар ва 5200 евро – мураббӣ), барои ҷойи дуюм – 15 ҳазор евро (12000 евро – варзишгар ва 3000 евро – мураббӣ), барои ҷойи сеюм – 8 ҳазор евро (6400 евро – варзишгар ва 1600 евро – мураббӣ) муқаррар шудааст.

Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар сабқати дастаӣ низ ҷоизаҳои молӣ таъсис шудааст. Барои ҷойи аввал 90 ҳазор евро (72000 евро – варзишгарон ва 18000 евро – мураббиён), барои ҷойи дуюм – 60 ҳазор евро (48000 евро – варзишгарон ва 12000 евро – мураббиён), барои ҷойи сеюм – 25 ҳазор евро (20000 евро – варзишгарон ва 5000 евро – мураббиён) супурда мешавад.

Тоҷикистон аз сабқатҳои қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон то кунун як медали биринҷӣ дорад, ки Расул Боқиев дар 2007 дар Рио-де-Жанейрои Брозил дар вазни то 73 килограмм ба даст оварда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.