Фонди Тоҷикистонии Оғохон барои иҷрои корҳои сохтмон тендер эълон мекунад

ЭЪЛОН БАРОИ  ИШТИРОК  ДАР  ТЕНДЕР Фонди Тоҷикистонии Оғохон барои иҷрои корҳои сохтмон тендер эълон мекунад Ташкилоти ҷамъиятии Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон (БҶИИМК) -и  лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон  дар доираи амалисозии лоиҳаи “Шукуфои Тоҷикистон: Шарикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ”, ҳамаи ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқиро барои иштирок дар тендер барои иҷрои корҳои сохтмонии зерин даъват […]

Таблиғот

ЭЪЛОН БАРОИ  ИШТИРОК  ДАР  ТЕНДЕР

Фонди Тоҷикистонии Оғохон барои иҷрои корҳои сохтмон тендер эълон мекунад

Ташкилоти ҷамъиятии Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон (БҶИИМК) -и  лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон  дар доираи амалисозии лоиҳаи “Шукуфои Тоҷикистон: Шарикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ”, ҳамаи ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқиро барои иштирок дар тендер барои иҷрои корҳои сохтмонии зерин даъват менамояд:

Ширкатҳои ҳавасманд метавонанд, тамоми маҷмӯъи ҳуҷҷатҳои тендериро  тариқи почтаҳои электронии [email protected]  ё [email protected]  баъди пардохти  маблағи муайяншуда, дастрас намоянд. Арзиши ҳуҷҷатҳои тендери  100 (сад) сомониро ташкил медиҳад, ки бояд ҳамчун пардохти бебозгашт ба суратҳисоби ташкилот сурат гирад.

Шахси масъул оиди эзоҳдиҳии ҳуҷҷатҳои тендерӣ

Шерзамонов Ёдгор, телефон: 935008990;  е-mail:  yodgor.sherzamonov@akdn.org

Шахсони масъул барои пешниҳод ва  қабули  ҳуҷҷатҳои тендерӣ:

Дар ш. Хоруғ: Нусратулло Миралибеков, телефон: 93-885-89-89;  е-mail: [email protected]

Дар ш. Душанбе: Қудратов Улфатшо, телефон: +992372247650;  е-mail: [email protected]

Таваҷҷӯҳ: Таҳияи нодурусти ҳуҷҷатҳо ё пешниҳод нашудани яке аз ҳуҷҷатҳои талабшуда ва  ё мавҷуд набудани маълумоти талабгардида асос барои соқит кардани пешниҳодоти тиҷоратии пудратчии эҳтимолӣ аз таҳлилу баррасии минбаъда шуда метавонанд.

Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то санаи 23-уми июни 2021 соати 10:00  мебошад. Пешниҳоди тиҷоратӣ бояд мувофиқи талаботи дар “Ҳуҷҷатҳо барои тендер” нишондодашуда ва дар лифофаи мӯҳршуда дар ду нусха (аслӣ ва нусха), омода ва ба шахсон ва суроғаҳои дар боло зикршуда пешниҳод карда шавад. Дархостҳое, ки аз муҳлати муқарраршуда дертар пешниҳод карда мешаванд, ба инобат гирифта намешаванд.

Диққат!   Иштирокчиёни тендер соати  15.00 санаи  23-уми июни 2021 ба дафтарҳои кории БҶИИИМК  ба суроғаҳои  ш. Хоруғ  кӯчаи Ш.Шотемур 82 ва ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот ошёнаи 4-ум барои иштирок дар раванди кушодани  пешниҳодоти тендерӣ  даъват карда мешаванд. Бо худ доштани ҳисобҳои сметавӣ дар шакли электронӣ ҳатмист.

Ташкилот-Фармоишгар  ҳуқуқи  қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда, ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва барои ин иқдоми худ  дар назди Иштирокчиёни тендер  ягон ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад. Ташкилот-Фармоишгар инчунин  ҷиҳати пешниҳоди маълумот  ба онҳо  дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва  қарори қабул кардааш низ  ӯҳдадор нест. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.