Ордени “Заринтоҷ” дараҷаи 1: ҷоизаи Мирзиёев дар Душанбе

Дар Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, ордени "Зарринтоҷ", дараҷаи 1, доданд. Маросими тақдими он шоми 10-уми июн дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе, дар маҳфили фарҳангии ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишвар бо номи "Шоми дӯстӣ" гузашт. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ин орден "Барои хидматҳои шоён ҷиҳати таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, ордени "Зарринтоҷ", дараҷаи 1, доданд. Маросими тақдими он шоми 10-уми июн дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе, дар маҳфили фарҳангии ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишвар бо номи "Шоми дӯстӣ" гузашт.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ин орден "Барои хидматҳои шоён ҷиҳати таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни халқҳои тоҷик ва узбек, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ" дода шуд.

Мирзиёев рӯзи 10-уми июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Мақомоти ду кишвар дар ин рӯз 36 санад, аз ҷумла дар мавриди интиқоли бор тавассути Узбекистон ва сафари сокинони ду кишвар, имзо карданд.

Дирӯз раисони ҷумҳури ду кишвар як изҳороти муштаракеро нашр карданд, ки бисёр бепешина буд ва дар он ба ҳамкориву ҳампаймони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон таъкид мешуд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.