Самбо варзиши олимпӣ мешавад

Кумитаи байналмилалии олимпӣ, дирӯз, 10-уми июн  қароре содир кард, ки тавсия медиҳад Федератсияи ҷаҳонии самбо аз сӯйи он барои ҳамеша эътироф шавад.  Ин дар ҳолест, ки Федератсияи ҷаҳонии самбо дар моҳи декабри соли 2018 аз сӯйи КБО муваққатан эътироф шуда буд. Хабаргузории русии ТАСС бо истинод ба Федератсияи ҷаҳонии самбо хабар медиҳад, ки дар баробари самбо интизор […]

Asia-Plus

Кумитаи байналмилалии олимпӣ, дирӯз, 10-уми июн  қароре содир кард, ки тавсия медиҳад Федератсияи ҷаҳонии самбо аз сӯйи он барои ҳамеша эътироф шавад.  Ин дар ҳолест, ки Федератсияи ҷаҳонии самбо дар моҳи декабри соли 2018 аз сӯйи КБО муваққатан эътироф шуда буд.

Хабаргузории русии ТАСС бо истинод ба Федератсияи ҷаҳонии самбо хабар медиҳад, ки дар баробари самбо интизор меравад, ки чор варзиши дигар ҳам эътироф шаванд.

Дар қарори Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфта мешавад, ки ин мавзуъ дар анҷумани қарибулвуқуи ин ниҳод, ки рӯзҳои 20-21-уми июн дар Токио баргузор мешавад, баррасӣ мегардад. 

"Мо мехоҳем шуморо ба ин дастовард самимона табрик бигӯем, ки нишондиҳандаи эътирофи корҳои шумо аз нуқтаи назари рушди ниҳодӣ ва ҳамчунин пешрафт ва ҳамагони шудани навъи варзиши шумост",- омадааст дар мактуби расмие, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба Федератсияи ҷаҳонии самбо фиристодааст. 

Ҳоло маълум нест, ки агар дар Токио рӯзҳои 20-21-уми июн агар самборо бипазиранд, варзишгарони ин намуди варзиш дар Бозиҳои имсола ширкат мекунанд ё не. Вале пештар гуфта мешуд, ки агар эътироф шавад, ба сурати рамзи аз чанд вазн се-чортои паҳлавони риштаи самбо ширкат мекунанд. Аммо ТААС хабар медиҳад, ки тасмими ниҳоӣ 21-уми июл гирифта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.