Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Русия баргузор мешаванд

Бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобилан судманди фарҳангии байни Тоҷикистону Русия аз 24 то 28 июни соли ҷорӣ Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон баргузор мегарданд. Тавре маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар медиҳад, ба ҳайати 54 нафараи аҳли ҳунару фарҳанги Русия, аз ҷумла Театри давлатии академии рақсии «Гжель»-и шаҳри Маскав ва намояндагони Осорхона-мамнӯъгоҳи давлатии […]

Asia-Plus

Бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобилан судманди фарҳангии байни Тоҷикистону Русия аз 24 то 28 июни соли ҷорӣ Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Тавре маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар медиҳад, ба ҳайати 54 нафараи аҳли ҳунару фарҳанги Русия, аз ҷумла Театри давлатии академии рақсии «Гжель»-и шаҳри Маскав ва намояндагони Осорхона-мамнӯъгоҳи давлатии таърихию меъморӣ ва бадеии вилояти Вологда ва дигарон шомил буда, тайи ин рӯзҳо бо барномаҳои рангини ҳунарӣ ва намоишҳо хотири тамошобинони тоҷикро шод мегардонанд.

“Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон рӯзи имрӯз 21 июн, соати 10:00 бо намоиши ҳошияи тории “Вологодское кружево” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон шурӯъ мегарданд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, қисмати расмии чорабинӣ рӯзи 25 июни соли 2021 аз мулоқоти роҳбари ҳайати Русия ва роҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз гардида, соати 18-00 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки мутобиқи барномаи баргузории чорабинӣ сафари ҳунармандони Русия ба шаҳри Норак, барномаи ҳунарӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара, дарсҳои маҳорат бо иштироки намояндагони Академияи санъати театрии Россия (ГИТИС) ва ҳунарпешагони ҷавони театрҳои шаҳри Душанбе, боздид аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, «Боғи Ирам» ва дигар мавзеъҳои ҷолибу тамошобоби пойтахт дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.