Боздошти Мавлавӣ Абдуллобек ва бародараш Иззатуллобек аз руҳониёни маъруфи Язгулом

Мавлавӣ Абдуллобек (Абдуллобек Қувватбеков) ва бародараш Мавлавӣ Изаттуллобек аз руҳониёни маъруфи водии Язгуломи Ванҷ аз сӯйи кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шудаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои наздикони эшон хабар додааст.  Бино ба иттилои манбаъ Абдуллобек Қувватбеков ва бародараш Иззатулло Қувватбеков рӯзи 18-уми июн аз манзили зисташон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе […]

Мавлавӣ Абдуллобек (Абдуллобек Қувватбеков) ва бародараш Мавлавӣ Изаттуллобек аз руҳониёни маъруфи водии Язгуломи Ванҷ аз сӯйи кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шудаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои наздикони эшон хабар додааст. 

Бино ба иттилои манбаъ Абдуллобек Қувватбеков ва бародараш Иззатулло Қувватбеков рӯзи 18-уми июн аз манзили зисташон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт шудаанд. 

Мавлавӣ Абдуллобек ва бародараш Изатуллобек ҳар ду хатмкардаи мадорис ва донишгоҳҳи исломии Зоҳидони Эрон буданд, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон маъруфияти зиёде доштанд.

Мавлавӣ Абдуллобеку бародараш ҳамчунин бо он маъруф буданд, ки беморонро Қуръону қасида мехонданд, ки дар ин дар миёни мардум бо номи "ҷинбарорӣ" маъруф аст. Беморони зиёде ба назди ин руҳонӣ ҳам ба зодгоҳашон деҳаи Жамаги ҷамоати Язгуломи Ванҷ ва ҳам ба Душанбе меомаданд. 

Мавлавӣ Абдуллобек бо мавъизаҳо ва ё амри маъруфҳои пурсау садо ва пуршӯраш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр маъруф буд. Ӯ аз ҷумла ҳангоми яке аз сафарҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ванҷ аз шахси раисҷумҳур тамҷид кард ва нақши шахси Эмомалӣ Раҳмонро дар сулҳу субот ва бозсозии Тоҷикистон хеле барҷаста тавсиф кард. 

Қувватбек Қувватбеков, бародари Абдуллобек Қувватбеков рӯзи 19-уми июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, субҳи дирӯз як нафар ба манзилашон омад ва худро писари Диловар-паҳлавон муаррифӣ кард ва гуфт дар нисбати Мавлавӣ шикоятҳо расидааст ва мақомоти тафтишотӣ мехоҳанд таҳқиқ кунанд.

“Пас аз як соат чаҳор нафар ҳамроҳи писари Диловар-паҳлавон омаданд, худро муаррифӣ накарда гуфтанд, ки дар нисбати Мавлавӣ ва бародараш мақомоти интизомии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон тафтишотро оғоз кардаанд ва ҳардуро барои пурсиш мебарем. Баъд гуфтанд, ки ин ҳарду ба Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати Ислом иртибот доштааанд”-, гуфтааст Қувватбеков.

Бародари ин ду руҳонии боздоштшуда ҳамчунин гуфтааст, ки кормандони сохторҳои қудратӣ ҳамроҳ бо Абдуллобеку Иззатуллобек ҳамчунин аз хонаи онҳо  китобҳои мазҳабиву динӣ ва ҳамчунин 80 ҳазор доллари дигарро низ бо худ бурдаанд.

Қувватбек Қуватбекво гуфтааст, ки 80 ҳазор доллар маблағи фурӯши себе будааст, ки бародараш имсол аз Ванҷ овардаву дар бозорҳои Душанбе фурӯхта будааст.

Ба гуфтаи наздикони Мавлавӣ Абдуллобек бо ин пул ин руҳонии маъруф мехостааст барои писаронаш дар Душанбе хона бихарад. 

Наздикони ин руҳонии маъруф мегӯян ҳоло инҳо хабар надоранд, ки Мавлавӣ Абдуллобек бо бародараш дар куҷо нигаҳдорӣ мешаванд. 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".